Сухани табрикотии Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар

       Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи Соли нави аҷдодӣ тамоми бонувони иззатманди Сарраёсат ва Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар самимона табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу мекунам.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, азиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад. Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеа мебошад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург буда, нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад.

Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем. Боварии комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати азалии худро амиқу дуруст дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ормонӣ ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд. Бори дигар, ҳамаи Шумо, бонувони азизро бо ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек орзу менамоям.

Модарон ва хоҳарони азиз бигзор, дилҳои Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои ҷӯшон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд.

Идатон муборак бонувон ва хоҳарони азиз!

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед