Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимон ва оилаҳои ниёзмадон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба меравад.

Бо пайрави аз сиёсат ва амалҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар арафаи иду ҷашнвораҳо пайваста ба ниёзмандон ва собиқадорон кӯмаки хайрхоҳонаи худро мерасонад.

Ин навбат дар оғози фасли зебои баҳор ва ҷашни фархундаи Рӯзи модар аз ҷониби масъулони Сарраёсати молияи вилоят ба Адолат Комилова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки дар бистари беморӣ аст дасти кӯмак расонид. Дар ин баробар  ба фарзанди он — Алишер Бозоров, ки маъюби гурӯҳи якум  мебошад дидан карда ба оилаи онҳо кӯмаки хешро расониданд.

Бо ибтикори роҳбарият ва занони Сарраёсати молияи вилоят ба дидорбинии Салимахон Додоҷонова, собиқадори соҳаи молия ва  Бибимоҳ Давлатова, сокини Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён рафта ба онҳо як миқдор маҳсулотҳои хӯрокворӣ, аз қабили маводҳои қаннодӣ, биринҷ, равғани растанӣ, орд, картошка, пиёз, шакар ва дигар маҳсулотҳо кӯмак расонида шуд.

Зикр гардид, ки ятимону маъюбон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии ҳамешагии онҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ба аёати тифлакон Фотима ва Ҳусейн, ки дар кӯчаи Ҳувайдоллоеви шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунанду бо ҳукми тақдир маъюб гаштаанд аз шароити зист ва зиндагонии онҳо аз наздик ошнои пайдо карданд кӯмаки хешро расониданд.

Амали гардии чунин иқдомҳои хайру савоб боиси хушҳоливу рӯҳбаландии онҳо гардида барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ бепоёни хешро баён намуданд.

Инчунин Сарраёсати молияи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар арафаи Рӯзи модар ба Муассисаи ислоҳотӣ — МТ ЯС 3/8-и шаҳри Норак (колонияи занона) кӯмаки хайрхонаи худро расонида бошад.

Котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед