Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» дар вилоят доир гардид.

Маросими тан-танавии ҷоизасупорӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру навоҳи ва ҳамчунин намояндагони дигар идораву ташкилотҳои вилоятӣ доир шуд.

Дар миёни ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон Сарраёсати молияи вилоят дар номинатсияи «Бинои беҳтарин» — дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо: “Сайри гули лола” барои соҳои 2019 — 2021 дар вилояти Хатлон, сазовори ҷойи 1-ум дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 ва ҳамчунин вимпел сарфароз гардонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки соли сеюм мебошад, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сазовори ҷой якум дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 1 инчунин вимпел сарфароз мегардад.

Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба масъалаи ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар саҳни ҳавлии Сарраёсат аҳамияти ҷиддӣ дода, имсол зиёда аз 5 –ҳазор бех гули лола ва гулбуттаҳо шинонида буданд.

Лолаҳои ҳарранга манзараи саҳни ҳавлиии Сарраёсатро бисёр зебову дилрабо ба ҷилва оварда, таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Бохтарро ба худ ҷалб менамоянд.

Қобили қайд мебошад, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед