Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо муовини Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Муҳаммадалии Фараҳнокиён доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла пайгирии иҷрои қарорҳои ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукумати Тоҷикистону Эрон ва омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии мазкур мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятдошта баён доштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед