Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вобаста ба пешгири аз амалҳои коррупсиони вохурии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон доир шуд, ки дар он мусъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Зимни оғози вохури Қурбонзода Манучеҳр нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон дар назди ҷамомадагон вобаста ба   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  муқовимат бо коррупсия баромад намуд.

Таъкид рафт, ки мақсади ҳар як ҷомеъа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи  байналмилалӣ  мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастҷамъонаи зиёде лозиманд.

Зикрафт, ки  инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии   молиявӣ  ва дигар хатарҳои навба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия  низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда  камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои  асосӣ дар роҳи амалӣ  гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсияя мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии  иҷтимоиро  боз медорад, боварии шаҳрвандонро  ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои кабизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Конвенсияи Сомони Миллали Муттаҳид  бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ  мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо  31-октябри соли 2003 қабулшуда, баҳри амалӣ  карадани  ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ  намудааст.

Дар охир иштирокчиён ба кормандони Агентӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд

      Котиби матбуотии 

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед