Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти  Хатлон» дар ҳаҷми 35 млн евро, аз ҷумла 15 млн евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн евро қарз аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.

 Тавре аз Вазорати молияи кишвар хабар доданд, созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» директори генералӣ Умед Билолзода ба имзо расониданд. Инчунин дар маросими баимзорасонӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Мэрилин Йосефсон иштирок намуд.

Лоиҳа дар минтақаи Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он иҷрои корҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, инчунин таҷдиду навсозии 2 адад зеристгоҳи мавҷуда, аз ҷумла зеристгоҳи «Бохтар»-110/10кВ ва зеристгоҳи «Кӯлоб»-110/35/10кВ, инчунин сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Мақсади Лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.

АМИТ «Ховар» 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед