dav

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 29 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг умр ба сар бурда дар арафаи ҳар иду ҷашвораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста дастгирӣ меёбанд.   

Бахшида ба Рӯзи ғалаба бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ дар вилояти Хатлон кӯмакпулии яквақта  ҳар  як нафар иштирокчӣ ва маюби ин ҷанг 10 ҳазор сомонӣ маблағ рост меояд.  Маблағҳои ихтисосшуда аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ба ин родмардони Ватан супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далерию корнамоии ва ҷонбозиҳои фарзандони бо нангуномуси миллати тоҷик дар майдони набард арҷ гузошта, аз оғози солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи ғамхори дар ҳақи майбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир менамояд.

Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, ки ба сари ҳар як нафар 2 ҳазору 500 сомонӣ маблағ расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ собиқадорони ҷангро мавриди ғамхорӣ қарор дода, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ мерасонанд.

Зимни супоридани кумакҳо иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипоси хешро ба Роҳбари давлат, нисбат ба чунин ғамхориашон мерасониданд.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед