Хайр қарзи инсони ва мусулмонии ҳар як фарди худоҷӯй аст. Дар ҳақиқат дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, аёдати беморон, бунёди пулу таъмири роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ амалӣ хайру савоб ба шумор меравад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди фитр, роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба сарбозону афсарони Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводҳои хӯрокаи ниёзи аввалиндараҷа, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва донагиҳо кумак карда шуд.

Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, ки чунин тадибирҳои неку хайрхоҳонаро минбад низ амалӣ менамоянд.

Маркази матбуотии

Сарраёсати молия вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед