Суханронии Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони саодатманди Ватан!

Шумо ва дар шахси шумо ҳамаи ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона шодбош гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хонаи обод ва дар фаъолияти ояндаатон дастовардҳои беназирро хоҳонам.

Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қави ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва ичтимоиву фарҳангии давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Фаъолияти ҳамаи мову шумо дар хаёти мамлакат саҳмгузорӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон равона шудааст ва ин амал аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд.

Имрӯз мақомоти молия вилояти Хатлон дар таъмини фаъолияти устувори низоми молияи вилоят, қаноатманд намудани ниёзҳои ичтимоӣ ва давлатдорӣ нақши бисёр муҳим ва ҳалкунандаро мебозанд.

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар самти ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавони баландихтисос шароити мусоид ва имконияти бештар фароҳам оварда, корҳои муайяне ба анҷом расонидааст.

Бояд қайд кард, ки ҳоло аз 367 нафар корманддони хизматчиёни давлатии мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 154 нафарро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳанд.

Хотирнишон месозам, ки як зумра ҷавонони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молия дар шаҳру навоҳии вилоят дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва риояи интизоми меҳнатӣ масъулияти баланд нишон дода, сазовори боварии роҳбарият гардидаанд.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи хислатномаҳои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ кормандони ҷавон Меҳроҷиддин Нуралиев, Умед Рамазонзода, Нурулло Абдулозода, Файзалӣ Куганзода, Суҳроб Мирзоев, Саъди Асозода, Манучери Ҷалолиддин, Файзалӣ Маҳмадулоев, Бахтовар Зуҳуров дорои интизоми хуби меҳнатӣ буда, уҳдадориҳои мансабии худро бо сари баланд   иҷро менамоянд.

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон   ҷиҳати баланд бар доштани эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон пайваста чораҷуйи намуда ҳамзамон як қатор чорабиниҳои гуногунро доир менамоянд.

Мехоҳам изҳорӣ бовари намоям, ки дар оянда ҷавонони мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва сатҳи баланди касби нишон дода, ба амалҳое, ки хилофи қонунгузори мебошад роҳ нахоҳанд дод.

Бори дигар Шуморо бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, малакаи баланди касбӣ ва бахту саодат орзу менамоям. Итминон дорам, ки Шумо — ҷавонон, минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, ҳамчунин, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.

Рӯзи ҷавонон муборак ҷавонони гиромӣ!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед