Ҳамасола 23 май – дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат назару андешаҳои кормадони ҷавони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон овардаем:

Меҳроҷиддин Нуралиев:

-Мо — молиячиёни ҷавон тамоми нерӯи хешро баҳри амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона месозем. Ифтихор аз он дорем, ки кишвари орому осуда, ки ном уро Тоҷикистон аст кору зиндагӣ дорем. Рӯзи ҷавононро ба кулли ҷавонони мамлакат муборак бояд мегуям.

 Умед Рамазонзода:

— Маврид ба қайдаст, ки маҳз бо дастгириҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан бо талошҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни вилоят кор ва фаъолият дорем. Дар ҷавобан ба чунин ғамхориҳои роҳбарияти олии ҷумҳурӣ талошу кушиши худро баҳри ободониву созандагӣ Тоҷикистони азизу маҳбуб ва соҳибистиқлоламон равон хоҳем кард.

Суҳроб Мирзоев:

— Ифтихор аз он дорам, ки зодаи як кишвари ҷавону соҳибистиқлол мебошам ва дар ҳавои софу беғубори он нафаси тоза мекашам.

Ба рости ҳамчун як ҷавон фаъолият намудани дар дастгоҳи марказии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин орзуву омоли ҳамешагии ман буд, ки хушбахтона ба мақсаду ҳадафи хеш расидам ва тамоми ҳастиамро баҳри пешрафти бо суботи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф месозам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед