Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, саноат ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед