Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) ба имзо расонида шуд. Санади мазкурро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.

Ҳадафи амалиёти мазкур ин сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад. Маблағи умумии амалиёт 50 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он аз Барнома ва Лоиҳа иборат мебошад. Қисмати Барномаи Амалиёт 37,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, барои татбиқи чорабиниҳои соддагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва такмили риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз, ки аз «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бармеояд, равона мегардад.

Қисмати дуюм ин маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории ҷудогардидаи 12,5 миллион  доллари амрикоӣ буда, он харидорӣ, таҳияи барномаи таъминотӣ барои автоматикунонии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва равандҳои тиҷоратро дарбар гирифта, аз такмили технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунии лоиҳа иборат мебошад.Татбиқи амалиёти мазкур соли равон оғоз ёфта, соли 2026 анҷом меёбад.

 

 

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед