Имрӯз 13-уми июли соли 2021  Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқ намудаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки васеъи  рӯзноманигорони расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ Сарраёсати молияи вилояти Хатлон доир шуд.

Дар он сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода, муовинони сардор, сардорони шуъба ва бахшҳои Сарраёсати молияи вилоят иштирок доштанд.

Саравал, Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  нишасти матбуотиро  ҳусни оғоз бахшид.

Хабар дода шуд, ки  Сарраёсати молияи вилоят дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдори вилоят корро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ба роҳ монда корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Дар нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали  соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 688,9 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 744,6 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 55,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ  иҷроиши нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои  буҷетӣ дар сатҳи 103 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 202,6 млн. сомонӣ баробар гардида нисбат ба нақша 6,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

—Бояд ёдовар шуд, ки  аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаш моҳи соли 2021-ум 300,5 млн. сомонӣ (100 фоиз)   ва аз буҷети вилоятӣ 64,0 млн. сомонӣ 100 фоиз маблағҳои мақсаднок ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида  ҷудо гардидааст.

Илова бар ин аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои фарқияти маблағи андози ягона замин ба маблағи 8,1 млн. сомонӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷудо карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ  хароҷоти маблағҳои  буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоятӣ 1015,0 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 98 фоизи нақшаи хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботи ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 46,3 млн. сомонӣ, мудофиа 8,9 млн. сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,8 млн. сомонӣ, маориф 604,8 млн. сомонӣ, тандурустӣ 260,7 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 7,3 млн. сомонӣ, хоҷагии коммуналӣ 26,2 млн. сомонӣ, фарҳанг 33,8 млн. сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 3,7 млн. сомонӣ, сохтмон 8,1 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 3,3 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои ғайра 4,7 млн. сомонӣ маблағҳо ҷудо гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки  кули кормандони Сарраёсати молияи вилоят барои пардохти саривақтии музди меҳнат нигаронида шуда тамоми Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки аз руи имкониятҳои воқеии буҷет маблағгузории музди меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои буҷети дар мадди аввал ба роҳ монанд.

Ҳамчунин зикрафт, ки  ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 46,3 млн. сомонӣ, мудофиа 8,9 млн. сомонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,8 млн. сомонӣ, маориф 604,8 млн. сомонӣ, тандурустӣ 260,7 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 7,3 млн. сомонӣ, хоҷагии коммуналӣ 26,2 млн. сомонӣ, фарҳанг 33,8 млн. сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 3,7 млн. сомонӣ, сохтмон 8,1 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 3,3 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои ғайра 4,7 млн. сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маҷмўъ 906,5 млн. сомонӣ ё ин, ки 89 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои иљтимоиёт  равона карда шудааст.

Ёдовар карда шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   Вазири молияи Ҷумҳурии кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  корҳои ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар се соли охир миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар мақоми аввали ифтихорӣ  қарор дорад.

Дар идома нишасти матбуотӣ Бахтиёр Назарзода Сардори Сарраёсати молияи вилоят иброз аз он дошт, ки бори аввал дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар аз ҷониби  Сарраёсати молияи вилоят дар ҳамкори бо намояндагони Филиали Иттифоқи ҷавонони  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи молия, зери унвони «нақши ҷавонон дар 30- соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   доир карда шуд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, намояндаи Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон    Раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,   ректори  ДДБ ба номи Носири Хусрав-и шаҳри Бохтар Давлатзода Сайфиддин, номзадони илмҳои  иқтисодӣ собиқадорони соҳаи молия, кормандони ҷавони аз мақомотҳои молияи аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва донишчуён  иштироки фаъол доштанд.

Пас аз баромади Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсат рӯзноманигорон оид ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби мутаххасисон ба соҳаи молия, маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоии хоҷагии халқ ва дигар самтҳои муҳими соҳаи молия саволҳо пешниҳод намуда ба суолҳои худ посухои мушаххас гирифтанд.

Далер ШАРИПОВ

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед