Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар ҷаласаи маҷозии ҳамасолаи Шӯрои роҳбарикунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд иштирок ва сухан намуд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, зимни ҷаласаи мазкур масъалаҳои барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди он, гузариш ба маблағгузории иқтисоди сабз, инчунин тавсеаи ҷуғрофӣ ба кишварҳои тропикии Африка ва Ироқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин робита Ҷамшед Каримзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ташаббуси Ҳукуматро дар самти ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавассути зиёд намудани грантҳо, кумаки техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ва кам кардани оқибатҳои манфии тағирёбии иқлим дастгирӣ хоҳад кард.

Инчунин иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати ҳамешагии ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, махсусан дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои имтиёзноки дуҷониба мебошад

Сипас миёни иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед