Паёми табрикотии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида  ба “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрон ва ҳамкасбони азиз!

16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд  Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Имрӯз мо ба хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, зеро Сарвари давлат тавонистанд, ки дар лаҳзаи басо ҳассос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшанд. Ҳамин аст, ки хурду бузурги кишвар Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат пешвоз гирифта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба иқдомҳои неки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи  муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст.

Маврид ба зикри хос аст, ки ба таври расмӣ Рӯзи Президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак, соли шашум аст, ки Рӯзи Президент дар саросари  Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Аз ин лиҳоз ҳамаи Шуморо  ба ин рӯзи  таърихиву фаромӯшнопазир табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳат, хонаобод ва сарбаландию   барори кор таманно дорам.

Ҳамдиёрони азиз!

Таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Тоҷикистонро сол ба сол дар минтақа ва ҷаҳон баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ доранд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, тавсия ва ҳидоятҳои ин абармарди сиёсат ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хизмат хоҳанд кард.

Дар бораи қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   абармарди сиёсат Қаҳрамони Тоҷикистон, сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик  борҳо суханҳои басо пандомӯз гуфтаанд ва дар воситаҳои ахбори омма онро ба нашр расидаанд.

Воқеан ҳам, қобилияти баланди Эмомалӣ Раҳмон, ҷасорат ва садоқати он кас ба халқ Тоҷикистонро аз буҳрони бузург вораҳонид ва миллатро сарҷамъ намуд, ки ин қаҳрамониро миллати тоҷикдори тоҷик онро ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат асту дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Он чӣ таҷрибаи таърих ба мо мегӯяд ва он чӣ аз фарёди бефарёдраси гузаштагонамон тайи ҳазор сол ба гӯш мерасад ва қалбҳоро такон медиҳад, ин ҷомаи амал напӯшидани орзуи давлатдорӣ буд, ки хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ин орзу ва хостаҳои миллатро бароварда созанд ва давлати навини тоҷикро аз варта наҷот диҳанд ва ба миллат саодат ва хушҳолӣ бахшанд.

Бори дигар  “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрон ва ҳамкасбони азиз!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед