Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Молияи вилояти Хатлон чамъомади тантанави баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.

— 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд   Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Имрӯз мо ба хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, зеро Сарвари давлат тавонистанд, ки дар лаҳзаи басо ҳассос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшанд,— афзуд Бахтиёр Назарзода.

Сардори Сарраёсати молияи вилоят дар идомаи суханронӣ қайд намқуд, ки хурду бузурги кишвар Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат пешвоз гирифта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба иқдомҳои неки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст.

Гуфта шуд, ки ба таври расмӣ Рӯзи Президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак, соли шашум аст, ки Рӯзи Президент дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бегмурод Наимов, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав, маърӯза намуда аз талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор бо факту далелҳои амиқу дақиқ ва мисолҳои зиёдро ба саъми иштирокчиён расонид.

Ҳамчунин дар идомиаи чорабини  кормандони собиқадори соҳаи молияи вилояти Хатлон низ бо маърузаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуда  атрофи корнамоиҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  рушуду пешрафти иқтисодиёти мамлакат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлоли Ватан андешаҳои худро баён карданд.

Дар интиҳои чорабини филми мустанад таҳти унвони «Тулӯи хуршед», ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон буд, манзури ҳозирин гардид.

 Маврид ба ёдоварист ки пас аз ворид намудани тағироти Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санаи навбатии фахрии «Рӯзи Президент» таҷлил карда мешавад.

   Далер Шарифов котиби матбуотии

 Сарраёсати молияи вилояти Хатлон   Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед