
Мушовараро бо сухани муқаддимавӣ Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар самти иҷроиши буҷети маҳаллӣ маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз руи контингенти умумӣ ба андозаи 102 фоиз (532,8 – 542,1=9,3) ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 445,8 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 452,7 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 6,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботи иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ дар сатҳи 103 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 123,1 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки новобаста аз таъмин нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳои дахлдор маблағҳои мусоидати молиявӣ аз буҷети вилоятӣ пурра ба шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 74,7 млн. сомонӣ ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 184,2 млн. сомонӣ (100 фоиз) маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидаанд.

Ба гуфтаи Изатуллозода Ҳабибулло дар се моҳи соли 2023 аз буҷети вилоят ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 27,9 млн. сомонӣ (88 фоиз), мудофиа 5,2 млн. сомонӣ (88 фоиз), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,0 млн. сомонӣ (86 фоиз), маориф 367,4 млн. сомонӣ (97 фоиз), тандурустӣ 152,1 млн. сомонӣ (96 фоиз), ҳифзи иҷтимоӣ 4,1 млн. сомонӣ (95 фоиз), фарҳанг ва варзиш 18,2 млн. сомонӣ (92 фоиз) ва ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар маҷмўъ 541,8 млн. сомонӣ ё ин, ки 88,9 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои иљтимоиёт равона карда шудааст.
Инчунин гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди маош ба қайд гирифта нашудааст.
Мавриди зикр аст, ки бо Фармони навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2023 №526 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияи донишҷуён 20 фоиз зиёд карда шудаанд.

Дар рафти мушовара муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим оид ба фаъолияти аудити дохилӣ ва натиҷаҳои санҷиши Агентӣ ибрози назар намуда, ба кормандони Раёсати аудити Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ба бозомӯзи ва такмили ихтисос ҷалб намуадани мутахассисони ин самти соҳаи молия тавсияҳои судманд доданд.
Дар охири чорабинӣ, ҳамчунин Акрам Сулаймонзода муовини раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳо дар семоҳи дуввуми соли ҷорӣ ба роҳбарият ва кормандони соҳаи молия дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоятро расонида, иброз доштанд, ки кормандони соҳа дар оянда кушиш намоянд, ки маблағҳои буҷетиро мақсаднок истифода намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва иттилооти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.