Имрӯз 14.04.2023 аз ҷониби намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо кормандони Сарраёсати молия ва раёсатҳои он дар шаҳру ноҳияҳо вохурӣ доир гардид
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ аз қонунвайронуниҳо дар самти таъмини буҷет, харроҷоти он ва риояи Қонунҳои мавҷуда дар самти пешгирӣ аз амалҳои коруппсионӣ дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вохурии намояндаи шуъбаи муқовиммат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коруппсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон, бо кормандон ва масъулони Сарраёсат ва раёсату шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар вохурӣ нахуст сарнозири шуъбаи муқовимат бо коруппсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Умед Раҳмонзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тибқи нақша чорабиниҳои Агентии мазкур бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва омилҳои коррупсионӣ ҳар сари вақт дар идораву ташкилот ва сохторҳои давлатӣ чорабиниҳои фаҳмондадӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар ҳамоиши мазкур оид ба нуқтаҳои асосии санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва барномаҳои давлатии зидди коррупсионӣ ба мисоли муқаррароти Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли то 2030 ва нақша чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи аввали солҳои 2021-2025 маврид омӯзишу баррасӣ қарор гиирфт.
Тавре дар вохӯрии имрӯза иштирокчиён изҳор доштанд, масоили баррасигардида барои кормандони соҳаи молия ҳамеша муҳиму зарурӣ мебошад. Зеро кормандону мутахассисони зинаҳои роҳбарии мақомоти молия аз суҳбат бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон таассуроти зиёд бардоштаанд, ки дар фаъолияти ояндаи онҳо ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи суҳбат бештар “Дар бораи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқии хусусияти зидди коррупсионидошта баррасӣ гардида, аз ҷумла зикр гардид, ки тибқи талаботи моддаи 22 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” монеаҳо ҷиҳати таъйин ва интихоб намудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба он баробаркардашуда оварда шудааст.
Возможно, это изображение 1 человек
Яке аз ин монеаҳо ин хизмати якҷояи хешовандон дониста мешавад.
Гуфта шуд, ки дар доираи хешовандони наздик ҳолатҳое дониста мешаванд, ки як ё чанд нафар наздикон дар як идораву ташкилот кор карда, нисбати якддигар тобеъ ва итокаткунанда мебошанд.
Тибқи меъёрҳои дар боло зикргардида, ин гуна ҳолат қонунвайронкунӣ дониста шуда, нисбат ба мансабдорон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ мутахассисону масъулони мақомоти молия оид ба самтҳои гуногуни фаъолият ва пешгирӣ аз камбудиҳои дар самти зикргардида, бо намояндаи Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон табодули андеша намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва иттилооти Сарраёсати молия дар вилояти Хатилон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед