Нимаи дуюми рӯзи 2 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Темурмалик сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ, ки барои 6000 ҷойи нишаст дар деҳоти Кангурт дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, боздид ба амал овард.
Маълумот дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати 13651 метри мураббаъ сохта шуда, то имрӯз ба маблағи 1 миллиону 385 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст ва дар ин самт корҳо бо суръат идома доранд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 25-30 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардидаанд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи дарёи оби Тоҳир, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Кангурт» шиносоӣ намуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 15 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.
Тибқи лоиҳаи мазкур, баъд аз дамбабандӣ намудани дарёи Оби Тоҳир дар гирду атрофи варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст тибқи нақшаи генералии деҳоти «Кангурт» боз ҳам барои ободу зебо гардонидани деҳаи Кангурт иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шуда, бунёд мегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳангоми боздид аз иншооти сохташаванда, ба масъулон ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳои муфид дод.
Дар доираи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Темурмалик аз Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” боздид ба амал овард.
Ин корхона моҳи октябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар корхонаи ”Пойафзоли Кангурт” 35 нафар занону мардони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар давоми 4 моҳи аввали соли 2023 дар корхона 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Дар заминаи корхонаи мазкур сехи “Дӯзандагӣ” низ фаъолият дорад, ки дар он 8 нафар дӯзанда машғули кор буда, аз ҷониби онҳо дар ин давра ба маблағи 1077,8 ҳазор сомонӣ корҳои дӯзандагӣ ба анҷом расонида шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо кормандон ва масъулони корхонаи истехсолӣ суҳбат намуда, оид ба боз ҳам афзун намудани истеҳсолот тавсияҳо дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед