Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ сол аз сол бештар мегардад. Аз ҷумла дар давоми 4-соли охир маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимои дар кишвар 62-фоиз зиёд гардида, дар панҷ сол танҳо барои рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ 36-милиони сомонӣ  равона шудааст, ки он 44-фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ  дар заминаи чунин таваҷҷуҳ нисбат ба пешрафти соҳа, татбиқи сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини уҳадориҳои иҷтимоии давлат дар давоми як соли охир маблағгузори ба соҳаи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ ба беш аз 86-фоизи маблағҳои буҷетӣ баробар гардидааст, ки дар ин доира шароити кору хизматрасони дар иншооти соҳаҳои иҷтимои беҳтар ва ҷиҳати бунёду навсозии муасисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг тадбирҳои мушахас амали карда мешавад.

Бо пуштибони аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабинии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб соли равон маблағгузори ба соҳаҳои иҷтимои нисбат ба давраи муқоисавӣ зиёд гардидааст.

Тавре  муовини сардори Сарраёсат- сардори Раёсати  молия дар минтақаи Кӯлоб Ҷаъфарзода Маъруф  иброз медорад, маҳз ин дастгирӣ ва ҳамасола чунин зиёд шудани маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимои дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ мусоидат намудааст.

Масъулини соҳа бо назардошти ин таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва сол аз сол зиёд шудани музди меҳнати кормандон  ва дигар хароҷоти соҳаи иҷтимои иқдом гирифтаанд, ки хизматрасонӣ ва иҷрои рисолати касбии хешро боз ҳам баланд бардошта, дар пешрафти вазъи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои минтақа нақши муассир гузоранд.

Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед