Табрикоти сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ!

Ваҳдати миллӣ, ки ба тинҷиву осоиштагӣ дар кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон замина гузошта, Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшид, аз рӯйдодҳои муҳити таърихиест, ки ба мардуми фарҳангпарвари Тоҷикистон озодии фикрӣ бахшида, ба эҳёи давлати навини Тоҷикистон ва бедории фикрии ҷомеаи он заминаи воқеӣ гузошт.

Ваҳдати миллӣ аз инояти қисмати таърихии тоҷикон аст, ки он бо шарофати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат ба мақоми Сарвари давлат сарчашма гирифтааст.

Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолият ва дигар рӯйдодҳои тақдирсози миллату давлати мо ҳамчун санаи муқаддас дар авроқи таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст.

Ҳамин тавр, аз 27-уми июни соли 1997 яъне, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дониста шудааст.

Дар воқеъ, ғояи ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи беназири таърихӣ оғози даврони саодатофарину пурнишот ва эҳёи дубораи халқ ва марҳилаи аввали ташаббусҳои бузурги созандагиҳо дар кишварамон арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои ояндасози худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд; “Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд”.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз баъди баҳамоии миллати тоҷик ва имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фазои сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гардида, муҳоҷирони иҷбории мо ба хонаву диёри худ баргаштанд.

Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари ҷавони кишварамон дар Тоҷикистони аз гирдоби ҷангу хунрезиҳо наҷот ёфта, марҳилаи тақдирсози таърихӣ бунёдгузории иншооти муҳим ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз ёфт.

Маврид ба ёдоварист, ки даврони дурахшони миллати тоҷик ва давлатдории соҳибихтиёр ва ҳамчунин, он ҳама тағйироти бузурге, ки боиси рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, муаррифии дастовардҳои милливу эҳёи расму оинҳои миллӣ гардид аз файзи муборакқадами сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашм мегирад.

Аз ин лиҳоз мафҳуми Ваҳдати миллӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик ва кулли мардумони Тоҷикистони соҳибистиқлол азизу муқаддас буда, ҳифзу пойдории Ваҳдати миллӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани он рисолати муқаддаси мо насли даврони Истиқлол мебошад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб дар ин рӯзҳои неку фархунда Шумо ҳамватанони азиз ва дар симои шумо тамоми тоҷикони оламро ба муносибати фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ба якояки Шумо сиҳатии бардавом хушбахтиву саодати зиндагиро таманно дорам.

Бигзор ҳамеша дар осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз кабутари сулҳ дар парвоз ва ливои ваҳдати миллӣ доимо парафшон бошаду дастархони хонадони ҳар як сокини кишвар аз неъматҳои ҳаётӣ фаровон.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед