Баҳисобгирии муҳосибӣ низоми ягонаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ ва ва  ҷамбасти иттилоот доир ба вазъи молиявии ташкилоту корхонаҳо буда, пешбури дурусти он мутобиқ ба талаботи стандартҳои муоссири байналмилалӣ дар таъмини шаффофияти иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоди миллӣ заминагузор мебошад.

Баҳисобгирии муҳосибӣ — ин низоми иттилоотист.  Дар ин раванд риоя нагардидани тартиби таҳия, қоидаҳои пешбурд ва меъёрҳои қонунгузории соҳавӣ идоракунии оқилона, арзёбии ҳолати молиявӣ ва муайян намудани дурнамои фаъолиятро имконнопазир мегардонад.

Яке аз механизмҳои ҷалби сармояи мустақим, пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ба доираи васеи истифодабарандагон маҳсуб ёфта, дастрасии иттилоот ва ё худ ҳисоботи молиявие, ки дар заминаи стандартҳои ягонаи байналмилалӣ ба тасвиб расидааст ҷолибияти ҳамкориҳои мустақимро бо тарафҳои манфиатдор тақвият мебахшад.

Бо дарназардошти хусусияти хоси масъалаи матраҳшаванда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ниҳодҳои дахлдорро муваззаф намуданд, ки бо мақсади ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Қобили тазаккур аст, ки ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устуворӣ ва кам гардидани хавфҳои пайдошавии бӯҳрони молиявӣ, васеъ гардидани имкониятҳои шомилшавии кишвар ба ташкилотҳои байналмилалии бонуфуз, паст гардидани иқтисоди пинҳонӣ ва дар ин замина зиёд гардидани манбаҳои андозӣ, инчунин, ба соддагардидани раванди қабули қарорҳо аз тарафи саҳомон ва шарикони идоракунанда таъсири мусбӣ мерасонад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Вазорати молия ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ раванди омӯзиши таҷрибаи муваффақи байналмилалӣ дар ин самт ва ислоҳоти соҳа идома дошта, ҳамчунин, фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ»-и назди Вазорати молия ҷоннок карда шудааст.

Мақсади асосии фаъолияти КВД «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ» аз таъмини таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва нашри ҳисоботҳои молиявӣ ва хулосаҳои аудиторӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ, беҳтар намудани сифат, шаффофият ва дастрасии ҳисоботи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар ташкилотҳо барои доираи васеи истифодабарандагон иборат мебошад.

Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва ташкили низоми марказонидашудаи маҳфуздории ҳисоботҳои молиявӣ КВД «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ» тасмим гирифтааст, ки партали ягонаи иттилоотиро ташкил намуда, дастрасии онро дар марҳилаи аввал ба субъектҳои дорои манфиати умум пешниҳод намояд.

Фаъол гардидани партали ягонаи иттилоотии давлати дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ раванди омӯзиши таҷрибаи муваффақи байналмилалӣ дар ин самт ва ислоҳоти соҳа идома дошта, ҳамчунин, фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ»-и назди Вазоратимолия ҷоннок карда шудааст.

Фаъол гардидани партали ягонаи иттилоотии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва дастрасии ҳисоботҳои молиявӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ таъмин карда шуда, дар ин замина фазои соҳибкорию сармоягузорӣ беҳтар гардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед