Зери чунин унвон дар ноҳияи Дӯстӣ чорабинии омӯзшӣ доир гардид. Гуфта шуд, ки низоми дурусти пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, риояи ҳатмии фаъолиятҳои гуногун дар асоси иҷозатномаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, суғурта ва хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ ва ҳамзамон қабули маблағҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки минбаъд тариқи ғайри нақдӣ ба роҳ монда мешавад, аз мавзуъҳои мубрамест, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти идораву ташкилотҳо дар ин самт, аз ҷониби Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон тадбирҳои муҳим андешида мешавад.

Аз ҷумла дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он масъулони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ оид ба беҳтар намудани фаъолияти идораву ташкилотҳо дар самти пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, суғурта ва хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар самтҳои фаъолият маълумотҳои муфид гирифтанд.

Тавре масъулони чорабинӣ иброз доштанд, семинар-машваратҳои омӯзишӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он омӯзиши мукаммали санадҳои вобаста ба таъғироту иловаҳо ва таҳияи нави буҷети давлатӣ аз ҷониби сармуҳосибон, мудирон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Саиднизомиддин Самадзода, сардори Раёсати молия зимни суханронии хеш оид ба таъмини ташкилоту муассисаҳо бо кортҳои коперативӣ, тарзи дуруст ба роҳ мондани таъмини рухсатпулии омӯзгорон, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешиҳоди дурусти ҳисоботи молиявӣ, иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармуҳосибон, дуруст ворид намудани рақамҳои назоратии даромади буҷети давлатӣ дар Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинии омӯзишӣ ҳамзамон Худойдод Шарифзода, сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳия, масоили таъмини огаҳии бештари кормандони мақомоти мазкур ва андозсупорандагон аз муқарароти қонунгузории андоз ва дигар қонунҳои амалкунандаи соҳа, сари вақт аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ суханронӣ карда, ба масъулони соҳаҳои марбута ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистонгузоронии солҳои 2023-2024 таъкид ва тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.

Тавре ки масъулони Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон таъкид доштанд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайри нақдӣ” иқдоми мазкур дар таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар баробари мутобиқгардонии низоми молиявӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳамчунин ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамзамон гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.

Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед