Дар буҷети давлатии соли 2023 барои маблағгузории соҳаи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ 1661,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1172,2 млн.сомонӣ, маблағҳои махсус 252,4 млн. сомонӣ ва барномаи сармоягузориҳои давлатӣ 237,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2022 ба маблағи 239,7 млн сомонӣ ё 16,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2023 хароҷотҳо барои нигоҳдории қувваҳои мусаллаҳ, дигар қушунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳаҷми 2944,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми он 2,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед