11.07.2023  дар толори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли  2023 баргузор гардид, ки дар он Маҷидӣ Юсуф, муовини Вазири молияи Ҷмуҳуии Тоҷикистон, Акрамзода Сулаймон, муовини раиси вилояти Хатлон, Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Мушовараи Сарраёсати молия дар вилояти Хатлонро бо сухани муқаддимавӣ Ҳабибулло Изатуллозода итфитоҳ  бахшида, ибоз дошт, ки   Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо  мақомотҳои он дар маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба роҳ монда, корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.

Таъкид шуд, ки тибқи баҳодиҳии пешакӣ ва мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳаи аввали соли 2023  ба 13 миллиарду 867 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки афзоиш нисбат ба 6 моҳи соли 2022-ум 8,2 фоиз ё ба маблағи  1 млрд. 137,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ бошад дар ин давра 25,6 фоизро ташкил менамояд.

Рушди иқтисодиёти вилоят дар давоми моҳҳои январ ва июни соли равон аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба давраи соли  пешин 12 фоиз афзоиш ёфта, 474,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни мушовара масъулин иброз доштанд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 6 фоиз афзоиш ёфта  ба 11,9 миллиард сомонӣ баробар ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675,2 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Гардиши савдои чакана 12,3 фоиз ба 6,2 миллиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулаки 1 фоиз  ба 1,2 миллиард  сомонӣ баробар гардида, мутаносибан 904,0 млн. сомонӣ ва 1,0 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои мамлағгузорӣ 1,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки 82,7 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи нақша чорабинии эълони солҳои рушди саноат дар вилояти Хатлон 83  адад иншооти нави истеҳсолӣ бунёд гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ дар умум  ба 792 адад расидааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 адад зиёд мебошад.

Корҳои пудратии иҷрошуда бошад 600,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба  соли гузашта 79,0 млн. сомонӣ зиёд буда 15 фоиз  афзоиш ёфтааст.

Дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1483 сомонӣ 69 дирам баробар гардид, ки ин нишондод  нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 121 сомонӣ 70 дирам  зиёд мебошад.

Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 аз руи контингенти умумӣ ба андозаи 102,7 фоиз (1099,0 –1129,0=30,0) ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ ба андозаи 102,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 920,3 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 945,5 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 25,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 133,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Роҳбарияти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон дар ҷараёни мушовара қайд карданд, ки нақшаи андозҳо ва пардохтҳои давлатиро шаҳри Левакант 7 фоиз 2,2 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ховалинг 13 фоиз 2,4 млн. сомонӣ, Данғара 1 фоиз 1,4 млн. сомонӣ ва ноҳияи Ёвон 3 фоиз 4,1 млн. сомонӣ  таъмин карда  натавонистанд.

Аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 1 июли  соли 2023   бақияпулии қарзи  андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмўъ маблағи 176,2 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали сол 8,0 млн. сомонӣ зиёд  гардидааст.

Дар  давраи ҳисоботи  иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ дар сатҳи 104 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 254,6 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки  нисбат ба нақшаи пешбинишуда 10,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Хароҷоти маблағҳои  буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят 1306,6 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 97 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро дар нимсолаи аввали соли 2023 ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маҷмўъ 1155,4 млн. сомонӣ ё ин, ки 88,4 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои иљтимоиёт  равона карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад  1101,9 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 84,2 фоизи хароҷоти умумиро дар нимсолаи аввали соли 2023 дар бар мегирад.

Аз ҷумла, барои музди меҳнат 859,0 млн. сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 218,0 млн. сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 17,0 млн. сомонӣ, барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 6,9 млн. сомонӣ  равона гардидааст.

Бо мақсади омодагӣ ба фасли тирамоҳ ва зимистони солҳои 2023-2024 аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят айни замон ба соҳаи маориф 2,6 млн. сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 373,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидааст.

Раёсатҳои молия вазифадоранд, ки то 1 октябри соли 2023 маблағҳое, ки дар буҷет ба ин мақсад пешбини гардидаанд сари вақт пардохт намоянд.

Аз буҷетҳои маҳаллӣ ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят феълан 3,0 млн. сомонӣ ҷудо шудааст, ки он иҷроиши 44 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Вобаста ба иҷроиши  буҷети маҳаллӣ ва камбудиҳо дар ин самт масъулини Раёсат ва шуъбаҳои молияи якчанд шаҳру ноҳияҳо  бозпурсӣ карда шуд.

Дар идомаи мушовара Маҷидӣ Юсуф, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла, такид дошт, ки новобаста ба натиҷаҳои мусбат дар самти иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ масъулини соҳаро лозим аст, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда саъю талоши бештар намояд.

Зеро танҳо бо василаи ислоҳи камбудиҳо метавон дар самти ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаҳои нави андоз, истифодаи самараноки маблағҳои буҷтӣ муваффақ гардид.

Баъдан, Сулаймонзда Акрам, муовини раиси вилояти Хатлон, оид ба риояи талабтҳои қонунгузорӣ,  назорат аз рӯи харроҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар самтҳои фаъоиляти молиячиён ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати тадбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробарунии ғайринақдӣ” кормандони соҳаи молия, адоз ва дигар сохторҳои марбутаро мебояд, ки  ҳамкориро дар самти фаҳмондадиҳӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда  бояд вусъат бахшанд.

Дар фарҷоми мушовара Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон,  иҷрои вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаро муайяну мушахас карда, иброз доштанд, ки дар ин замина бояд камбудиҳои ҷойдошта бартараф ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси амали гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”,  қисми даомади буҷет дар нимсолаи дуюм пурра иҷро, сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ пайдо ва бақияпулиҳо ба маротиб кам карда шаванд.

Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед