Сардори Раёсати вазорати молияи ноҳияи Вахш Абдуқаҳҳор Улфатов зикр намуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет заминаҳои муосири конунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд.
Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки бовар дорам беҳтар шудани шароити корӣ барои кормандони соҳаи молия ба пешбурди босамари сиёсати давлат дар самти буҷету андоз ва баланд гардидани натиҷаи фаъолияти кормандони соҳа мусоидат мекунад.
Абдуқоҳҳор Улфатов, илова кард, ки дастуру супоришҳои, Пешвои маҳбуби миллатро мо сармашқи кори худ карда, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем кард.
Раёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода намудани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш менамоянд, ки пардохти саривақтии музди маоши кормандони ташкилоту идораҳои буҷетии ноҳияро таъмин намоянд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.
Дар рафти суҳбат Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Раёсати молияи ноҳия дар якҷо бо сохторҳои дигари иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаш моҳи соли 2023 ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷет, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷа ва умуман пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар вилоят тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ҳамаи ин тадбирҳо буд, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳи соли 2023 ба маблағи 26172400 сомонӣ ва нақша дар маҷмӯъ 59307700 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра андози буҷети ноҳия ба маблағи 26195810 сомонӣ, яъне 100% ё ин, ки 23410 сомонӣ зиёд ворид гаштааст. Дар нимсолаи аввали 2023 аз ҳисоби буҷети Ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ маблағҳои мақсаднок пурра пардохт гардида, ҳамаи маблагҳои равонкардашуда барои фонди музди меҳнат мақсаднок партохт карда шудааст.
Мавсуф иброз дошт, ки накшаи андози буҷети маҳаллӣ ба андозаи 22524000 сомонӣ пешбини шуда буд, ки иҷроиши он ба маблағи 22657555 сомониро ташкил дода 101% -и нақша мебошад.
Аз ин маълум мегардад, ки дар шаш моҳи соли 2023 нисбати соли 2022 ба маблағи 3538255 сомонӣ зиёд буда 15,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар шаш моҳи соли 2023 иҷроиши даромадҳои буҷети маҳаллии ноҳия бо пуррагӣ иҷро гардидааст, ки тибқи нақшаи пешбинишуда аз ҳафт намуди сарчашмаҳои андоз шаш намуди андозҳо бо пуррагӣ иҷро гардид, ки аз 100% то 106% -ро ташкил медиҳад.
Сардори Раёсати вазорати молияи ноҳияи Вахш зикр кард, ки қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 мувофиқи нақша бо баҳисобгирии тағйиротҳои даровардашуда ба андозаи 60241875 сомонӣ пешбини шуда, дар асл бошад 55794865 сомонӣ истифода бурда шудааст, ки ин 92,6% нақшаро ташкил медиҳад.
Абдуқоҳҳор Улфатов, ҳамчунин кайд кард, ки ҳамаи кормандони Раёсати вазорати молияи ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ баҳри таъмини саривақтии музди меҳнати кормнадони соҳаҳои буҷетӣ, сарфакорона истифода бурадни маблағҳои буҷетӣ, пурра омода кардани соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла маорифу тандрустӣ ва идораи роҳҳои ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024, пардохти саривақтии рухсатпулии омузгорон ва дигар самтҳо равона намуда, кӯшиш мекунем, ки қисми даромади буҷети ноҳия саривақт иҷро гардад.
Инчунин Абдуқоҳҳор Улфатов гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт.
Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Аз ин рӯ мо кормандон дар оянда низ фаъолияти худро боз ҳам пурзур намуда ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат хоҳем кард.
Дар ин баробар аҳли кормандони Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Вахш барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама талошҳои худро равона намуда, ният доранд, ки ин санаи фархундаро бо дастовардҳои хуб истиқбол гиранд.
Шуъбаи иттилоотии  Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед