Имрӯз 14.08.23 дар асоси нақшаи корӣ ва фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2023, №176 бо дастгирии намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсат ва Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ, таъмини ҳадафҳои рушди устувори мамлакат ва омодасозии дурнамои миёнамуҳлати даромадҳои буҷети давлатӣ барои кормандони мақомоти молия ва дигар ниҳодҳои дахлдори соҳа семинар-машварати омӯзишӣ роҳандозӣ гардидааст.
Чунин чорабинии омӯзишӣ имрӯз дар Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати молияи ҶТ, мутахассисони соҳа, коршиносон, роҳбарияти Сарраёсат, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои банақшагирии буҷет ва дигар кормандони ин ниҳод ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки семинар-машварати омӯзишӣ бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадаф аз он ҷоннок намудани сифатнокии банақшагирии лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026, ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ ва буҷети гендерӣ, инчунин амалӣ намудани таъмини ҳадафҳои рушди устувори мамлакат тавассути ба инобат гирифтани самтҳои муҳими соҳа дар буҷети давлатӣ мебошад.
Дар рафти семинар-машварати омӯзишӣ, ҳамзамон масъалаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” низ матраҳ гардида, таъкид шуд, ки ин иқдом ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бағоят муҳим хоҳад гузошт.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед