Аъзамҷон Чиллазода: ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт

«Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён талошҳояшро ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардааст.

Ба гуфтаи сардори Раёсати молия Чиллазода Аъзамҷон, Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён кор ва фаъолияти худро дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати молия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба роҳ монда, нақшаи андоз бо назардошти андози ғайрибуҷетӣ дар умум 100% фоиз иҷро гардидааст.

Буҷети маҳаллӣ ва андози иҷтимоӣ

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар 6-моҳаи соли 2023 маблағи 32,064 994 ҳазор сомониро дар бар гирифта, иҷроиши он бошад, 32,578 103 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 102 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Яъне, нақша 513109 сомонӣ барзиёд иҷро гардидааст.

Боиси қайд аст, ки буҷети нақшаи андози иҷтимоӣ 13,319 262 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 12,185 817 ҳазор сомонӣ (91%) мебошад, ки аз нақшаи пешбинигардида 1,133 445 ҳазор сомонӣ кам аст. Дар маҷмуъ, бақияпулӣ дар аввали соли 2023-юм 16,828 598 миллион сомонӣ буда, ба ҳолати 3-юми июли соли 2023-юм 15,890 589 миллион сомонӣ аст, ки 938009 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Маблағҳои мақсаднок (субвенсия), ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи нақшаи пешбинишуда 31,682 900 миллион сомонӣ ворид гардидааст, иҷроишаш 31,270 160 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 99 фоизи нақша, яъне аз нақша 412 740 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Ҳисоббаробаркуниҳо

Дар 6 моҳи соли 2023 аз буҷети вилоят бо роҳи ҳисоббаробаркуниҳо тибқи нақша 4,437 000 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, иҷроиш 4,437 000 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия 68,445 788 миллион сомонӣ, иҷроиш 65,436 647 миллион сомонӣ, яъне 96 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.

Музди меҳнат ва фонди иҷтимоӣ

Ба гуфтаи Ҷамшед Гулонов, сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мадди аввал ҷамъоварии маблағҳои нақшаи андози маҳаллии ноҳия истода, маблағҳои мазкур мақсаднок ва ба пуррагӣ ба музди меҳнат ва фонди иҷтимоӣ, инчунин ба дигар уҳдадориҳо равона мегарданд.

Маҳз бо чунин мақсад Раёсати молияи ноҳия музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, умуман тамоми соҳаи буҷетиро дар 6 моҳи аввали сол ба пуррагӣ пардохт намуда, ба ҳолати 3-юми июни соли 2023 қарздории музди меҳнат (дар корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ба истиснои соҳаи маориф, ки рухсатпулӣ доранд) аз байн бардошта шудааст.

Тавре Чиллазода А. Қ. зикр намуд, Раёсати молияи ноҳияи Кўшониён тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ намуда истодааст, ки талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2022, №1, банди 6 ва Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми феврали соли 2022, №23 доир ба таъмини иҷрои босифати буҷети давлатӣ дар соли 2023 ва роҳ надодан ба хароҷоти беасоси дуюмдараҷа таъмин гардад.

— Маҳз бо чунин ҳадафҳо дар асоси нақша-чорабинӣ оид ба сари вақт ҷамъоварӣ намудани андозҳои маҳаллӣ бо нозироти андоз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед