Возможно, это изображение 1 человек и улыбается
Зирамоҳ Шарифова аз кадрҳои собитқадами соҳаи молия маҳсуб меёбад, ки тӯли 20 соли фаъолияти пурсамари хеш дар ин ҷода, миёни ҳамкасбону дӯстон соҳибэҳтиром аст.
Айни замон Ӯ ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи хазинадорӣ дар Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ адои вазифа намуда истодааст.
Зирамоҳ фаъолияти касбии худро аз соли 2003 ба ҳайси мутахассис оғоз намуда дар соли 2008 мутахасиси пешбар ва аз соли 2012 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи хазинадорӣ фаъолият дорад.
Ӯ соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намуда, баъдан, соли 2012 Донишкадаи молия ва иқтисодро бо ихтисоси молия ва қарз ба итмом расонидааст.
Ин бонуи кордон то соли 2000 -ум дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кору фаъолият намудааст.
Фаъоляти пурсамари Зирамоҳ Шарифова бозгӯи он аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бонувони кишвари мо бо саъю талош ва лиму донишандӯзӣ мақоми худро дар ҷомеа пайдо карда истодаанд.
Дар заминаи чунин эътимоду боварии сарвари давлат нисбат ба бонувон Зирамоҳ Шарифова дар қатори дигар фаъолзаноне, ки дар соҳа кору фаъолият доранд, дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кори соҳа мавқеи шоистаро касб намудааст.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати вазорати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед