Нет описания фото.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016, № 408, аз 21.11.2018, № 549, аз 26.06.2023, № 293)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаю ташкилотҳои низоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1468 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 305 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016, № 408, аз 26.06.2023, № 293).
Маблағгузории 1457 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 11 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки панҷ муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.11.2018, № 549).
4. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ва Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад. (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
6. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
8. Беэътибор дониста шаванд:
— қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588 «Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 603 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 309 «Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2014, № 60 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 апрели соли 2015, № 187 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016, № 408, аз 27.03.2018, № 169, аз 08.06.2022, № 301)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, гаравхона, бизнеси бозӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатиро таъмин намуда, дар ин самт фаъо-лияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
2. Вазорат фаъолияти дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии молия, Нозироти давлатии иёргирӣ, Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсус, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва муассисаҳою ташкилотҳои низоми роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016, № 408, аз 26.06.2023, № 293).
3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, амалӣ мегардонад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
II. Ваколатҳо ва вазифаҳои Вазорат
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293)
5. Ваколатҳои асосии Вазорат аз инҳо иборатанд:
— таҳия ва татбиқи сиёсати буҷету андоз, баҳи-собгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, фаъолияти аудиторӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, бизнеси бозӣ, пардохтҳои гумрукӣ, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва сиёсати дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда, иштирок дар таҳияи сиёсати сармоягузорӣ, нарх, пулию қарзӣ ва асъорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷ-роияи ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андозу гумрук, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ;
— таҳияи стратегияҳои миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва амалӣ намудани ислоҳоти идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамуҳлат;
— аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии дар соли молиявии ҷорӣ барои ташкилотҳои буҷетӣ пешбинишуда пардохт намудани қарзҳои кредитории онҳо аз рӯйи уҳдадориҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— таҳияи дурнамоҳои нишондиҳандаҳои буҷету андоз, сармоягузорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;
— таҳияи пешниҳодот оид ба афзалиятҳои маблағгузории буҷетии бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, идоракунии таҳияи буҷети давлатии миёнамуҳлати кишвар, ҷараёни буҷет;
— таъмини идоракунии самарабахшу фаврии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла бо дарназардошти татбиқи тадбирҳо оид ба хизматрасонӣ ва пӯшонидани қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатии кишвар (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— таҳияи замимаи меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ягонагии низоми буҷетӣ барои таъмини сиёсати ягонаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсати молиявию буҷетӣ ва андоз;
— танзими нақши тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ дар таҳияи лоиҳаи буҷет, иҷрои буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— таъмини мустақилияти буҷетҳо (буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ) дар асоси манбаҳои даромадҳои худӣ ва ҳуқуқӣ, муайян намудани самтҳои истифода ва хароҷоти онҳо муайян кардани манбаҳои даромад барои ҳар як сатҳи маблағгузаронии буҷетӣ аз андоз ва даромадҳои давлатӣ (қарори
Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили иҷрои буҷет оид ба даромад ва хароҷот дар асосинизоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— истифодаи захираҳои молиявӣ ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти давлат, рушди иҷти-моию иқтисодии кишвар;
— амалӣ намудани муносибатҳои мутақобилаи молиявии давлат бо ниҳодҳои дар соҳаи иқтисодиёт фаъолияткунанда ва субъектҳои мус-тақили иқтисодӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— пешбурди сиёсати андоз ва дар асоси гузаронидани таҳлили фаъолияти андозсупорандагон муайян намудани манбаҳои зарурии пурра намудани буҷети давлатӣ, мутаносибии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— таҳияи методологияи ягонаи тартиб додани буҷетҳои сатҳҳои мухталиф ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;
— муайян намудани манбаъҳои маблағгузории қасри буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷалби захираҳои молиявӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— идоракунии қарзҳои берунаи давлатӣ, хизматрасонии он, аз ҷумла иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ вобаста ба кафолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, амалӣ намудани қарзгирӣ, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси шартнома (созишнома) оид ба қарзи гирифташудае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ доранд;
— таҳияи лоиҳаи барномаи қарзҳои берунаи давлатӣ барои соли минбаъда дар асоси дурнамои дарозмуҳлати рушди иқтисодӣ ва бо дарназардошти барномаи сармоягузории давлатӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур
доштани пешниҳодот дар мавриди зарурати ҷалби маблағҳои қарз, иштирок дар музокирот бо кредиторони хориҷӣ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
додани кафолати давлатӣ;
— мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор» ва фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзӣ ҷудо намудани қарз ба субъектҳои дигари фаъолияти хоҷагидории ҷумҳурӣ;
— бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси созишномаҳои қарзӣ ва зерқарзӣ ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷудо карда шудаанд;
— муайян намудани афзалиятҳо дар ташаккул,
рушд ва танзими муносибатҳо ва таъсиси инфрасохтори дахлдор дар бозори коғазҳои қиматнок (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— анҷом додани бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки эмитентҳо, рухсатдиҳӣ ва назорати муомилоти коғазҳои қиматнок дар бозори фондӣ, муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ва назорати фаъолияти иштирокчиёни касбӣ, намояндагии ҳуқуқи иштирокчиён дар бозори коғазҳои қиматнок;
— таҳияи тартиби гузаронидан ва анҷом додани барориш ва ҷойгиркунонии векселҳои хазинавӣ, уҳдадориҳои қарзӣ, вомбаргҳои давлатӣ, вомбаргҳои бурднок ва лотереяҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— иштирок дар муайян намудан ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва ташаккули нарх;
— таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти молиявии соҳаҳои иқтисодиётро танзим менамоянд;
— иштирок дар таҳия ва пешбурди сиёсати ягона дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол ва рушди бозори металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар арзишҳо;
— барои ҳар як соли минбаъда таҳия намудани ҳаҷми (квотаи) фурӯши металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо аз Фонди давлатӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ва пешниҳод ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— бо мақомоти дахлдор муайян намудани тартиби баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва нигаҳдошти сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо;
— анҷом додани назорати коркард, истифода, нигаҳдошт ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки чунин фаъолият-ро анҷом медиҳанд;
— амалӣ намудани аудити дохилӣ ва назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ дар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорати ҷараёни иҷрои буҷет дар ҳамаи сатҳҳо;
— муайян намудани тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ барои гирифтани сертификати «Аудитори дохилӣ» дар бахши давлатӣ;
— анҷом додани роҳбарии методологии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (ба истиснои ташкилотҳои қарзӣ), татбиқи тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи замимаи меъёрии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;
— таҳия ва татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва фаъолияти аудиторӣ. Ташкили курсҳои таълимӣ барои тайёр намудани аудиторҳо, додани шаҳодатномаи тахассусии аудит ва иҷозатнома барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ;
— пешбурди махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудитороне, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— пешбурди феҳристи давлатии бақайдгирии аудитороне, ки дорои шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ мебошанд;
— амалӣ намудани назорати берунаи сифати аудити ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— ташкили курсҳои таълимӣ ва аттестатсияи муҳосибон ва додани сертификат аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, аккредитатсияи муҳосибон ва аудиторони касбӣ;
— хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016, № 408)
— таҳияи пешниҳодот оид ба танзим даровардани ихтисори шумораи хизматчиёни давлатӣ ва хароҷот барои нигоҳдории мақомоти идораи давлатӣ, дастгоҳи мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
— бақайдгирии басти вазифаҳо ва сметаи харо-
ҷоти нигаҳдории дастгоҳҳои идораҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
— таъмин намудани риояи қонунгузорӣ оид ба андозҳо, даромадҳои ғайриандозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, назорати баҳисобгирии дуруст, пурра ва сари вақт пардохт намудани онҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини риояи дигар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки назораташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти молия гузошта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи бехатарӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қи-матбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда, бо мақсади ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои иқтисодиёти байналмилалӣ (иқтисодиёти ҷаҳонӣ), бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти ваколатдор оид ба таъмин намудани даромад ва пардохтҳои давлатӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фондҳои давлатӣ;
— татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи суғурта (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— гузаронидани мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаҳои азими давлатӣ аз рӯи феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, талаб намудани нақшаи молиявӣ, ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷа-гидорӣ ва ҳисобот оид ба санҷиши аудитории
берунии онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— ба роҳ мондани муносибатҳои электронӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар табодулоти иттилооти молиявӣ ҷиҳати идоракунии самарабахши маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ва мақо-моти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳод намудани иттилоот аз тарафи ҳамаи муассисаю
ташкилотҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи уҳдадориҳои шартии онҳо;
— чоп ва нашри коғазҳои қиматнок, истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъо-лияти гаравхонаҳо ва танзими он;
— татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бизнеси бозӣ ва танзими он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии
Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293).
6. Вазорат мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро
амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293):
— оид ба такмили низоми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми инкишофи муносибатҳои буҷетӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳодотро таҳия ва тадбирҳоро амалӣ менамояд;
— хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— маҷмӯи тадбирҳоро оид ба солимгардонии молиявӣ ва бозсозии сохтори иқтисодиёти миллӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, дастгирии давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватании молҳо, иҷрокунандагони кор ва
хизматрасонӣ амалӣ менамояд;
— самтҳои асосии сиёсати қарзӣ ва пулии давлат, беҳдошти вазъи ҳисобот ва пардохтҳоро дар иқтисодиёт муайян менамояд;
— оид ба барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани
маблағгузории онҳо чораҳо меандешад;
— роҳбарии умумии методӣ дар соҳаи банақша-гирии молиявию буҷетӣ ва маблағгузории бу-ҷетҳои ҳамаи бахшҳо ва сатҳҳоро анҷом медиҳад;
— танзими буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, ҳамчунин, муносибатҳои мутақобила бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар институтҳои молиявию иқтисодиро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— масъалаҳои молиявиро вобаста ба ҳамко-риҳои байналмилалии иқтисодии давлат таҳлил ва пешниҳодоти дахлдорро барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;
— лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои буҷет, андоз, пардохтҳои гумрукӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, хазинадории марказӣ, суғурта, гаравхона, муомилоти металл-ҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматнок ва самтҳои дигари ба зиммаи мақомоти молия гузошташуда таҳия менамояд(қарори
Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— пешниҳодотро таҳия намуда, дар таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои (конвенсияҳои) байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои андоз иштирок менамояд;
— аудиторони мақомоти молияро барои гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ тибқи дархости мақомоти дигари давлатӣ сафарбар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— методикаи ташаккули арзиши аслии кор ва хизматрасонии муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, меъёрҳои хароҷот оид ба гуруҳ-ҳои алоҳидаи хароҷоте, ки ба арзиши аслии мол, кор ва хизматрасонӣ дохил карда мешаванд,
муайян менамояд;
— якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили низоми андоз таклифҳо таҳия менамояд, инчунин, дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозаи меъёрҳои тарифи гумрукӣ, тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— сиёсати давлатиро дар соҳаи барориш, ҷой-гиркунонӣ, чоп ва нашри коғазҳои қиматноки давлатӣ амалӣ намуда, самтҳои асосии рушди бозори коғазҳои қиматнокро таҳия менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба бозори коғазҳои қиматнок таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қимат-нок, феҳристи иҷозатномаҳои додашуда, боздоштшуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, феҳристи субъектҳои фаъолияти лотереяро пеш мебарад, баҳисобгирии ҳиссаи давлат аз фаъолияти муштарак ва суди саҳмияҳои (дивидендҳои) марбут ба давлатро амалӣ менамояд, инчунин, иҷозатномадиҳиро вобаста ба фаъолияти гаравхонаҳо, фаъолият дар соҳаи биржа, фаъолияти
иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қимат-нок, фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшуда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин, савдои маҳсулоти мазкур, фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, фаъолияти аудиторӣ, фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақаро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— қоидаҳои гузаронидани бозиҳои лотерея, иқдом ва бозиҳои бурднокро таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— масъалаҳои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории муассисаю ташкилотҳои барҳамдодашавандаро ба танзим медарорад;
— дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба хизматрасонии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ме-диҳад;
— банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, назорат ва таҳлили маблағгузории касри буҷети ҷумҳуриявиро аз ҳисоби қарзҳои берунӣ ва дохилӣ анҷом медиҳад;
— дар баррасии масъалаҳои татбиқ ва барасмиятдарории ҳисобҳои байнидавлатӣ тибқи шартҳои реструктуризатсияи қарзҳои берунӣ, инчунин, мутобиқи мақсад будани ҷалби қарз-ҳои хориҷӣ таҳти кафолати давлати ширкат меварзад;
— пешбурди фаъолият оид ба грантҳои ҷалб-шуда ва қарзҳои берунӣ, аз ҷумла, меъёри фоиз, лимит ва тартиби баргардонидани онҳоро амалӣ менамояд (қарори
Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиб ва расмиёти қарз, идораи қарзҳои давлатӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдодашуда, пӯшонидан ва хизматрасонии онҳоро танзим менамоянд, иштирок мекунад;
— пешгирии хавфи фарқияти қурби асъорӣ, хавфи ба таъхир афтодани пардохти қарзи берунӣ ва хавфи напардохтани қарзҳои бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбгардидаро аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор ҷиҳати хизматрасонии қарзи беруна пешбинӣ шудаанд, анҷом медиҳад;
— амалҳои якҷоя ва ҳамкориро бо мақомоти идораи давлатӣ, бонкҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо оид ба масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои Вазорат таъмин менамояд;
— ҳамкориро бо ташкилотҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла хориҷӣ оид ба масъалаҳои таъсис ва фаъолияти низоми самарабахши идораи қарзҳои давлатӣ дар Вазорат таъмин менамояд;
— дар ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон (минбаъд Фонди давлатии Тоҷикистон) иштирок намуда, харид ва пурра намудан, ба навъҳо ҷудо кардан, арзёбӣ, баҳисобгирӣ ва ҳифзи ме-
таллҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳ-сулоти дорои таркиби онҳоро таъмин менамояд;
— тартиби муайян намудани нархҳоро барои металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо, ки барои Фонди давлатии Тоҷикистон харидорӣ ва аз он ба фурӯш расонида мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор оид ба танзими бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад;
— назорати давлатиро оид ба сифати навъ-бандӣ, гуруҳбандӣ, арзёбӣ ва фурӯши сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми онҳо анҷом дода, иштироки назоратчиёни давлатиро дар фаъолияти корхонаҳои истихроҷкунанда ва дигар ташкилотҳо, нуқтаҳои махсусгардонидашудаи гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, инчунин, иҷозатномадиҳии фаъолиятро ҷиҳати аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металл ва дигар сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи маснуоти аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда амалӣ менамояд;
— бо иштироки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои нархҳои ҳисоб, фурӯш ва дигар навъҳои нархҳоро барои сангҳои қиматбаҳои дар кишвар истихроҷшуда ё коркардашуда таҳия ва тасдиқ менамояд, таҳлили афзоиши нархҳоро дар бозори ҷаҳонии сангҳои қиматбаҳо тавассути коркард ва фурӯши онҳо тибқи тартиби муқарраргардида анҷом
медиҳад;
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон назорати иёргириро дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд ва мегузаронад, ҳаҷми пардохти иёргириро барои иёр ва тамғагузории маҳсулот аз металлҳои қиматбаҳо, инчунин, экспертизаи масолеҳ муқаррар менамояд;
— сохтор ва таркиби гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ, нақшаи ҳисобҳо, шаклҳои намунавии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, дастурҳо оид ба истифодаи онҳо ва тартиби таҳияи ҳисоботдиҳии ташкилотҳои буҷетиро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— масъалаҳои мафҳумии рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (молиявӣ) ва аудитро барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян месозад;
— низоми назорат ва анҷоми назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит таҳия менамояд;
— сиёсати назорат ва аудити дохилиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор маблағгузоришаванда, тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;
— ташаккул ва фаъолияти устувори Институти ҷамъиятии кормандони мақомоти молия, му-ҳосибони касбӣ ва аудиторҳои давлатиро ташкил менамояд;
— назорати ҷараёни маблағгузориро аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ анҷом дода, муҳлат ва шаклҳои ҳисоботдиҳии молиявиро муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷараёни иҷрои нақшавии бу-ҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллиро назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— ҳисоботҳои давравиро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр менамояд;
— дастурамалҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои хазинавии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи даромад ва хароҷот таҳия намуда, баҳисобгирии дороиҳо, қарзҳои дохила ва берунаро пеш мебарад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— дар доираи салоҳияти худ санҷишҳои дохилӣ ва мавзӯиро доир намуда, таҳлили воридот ва хароҷоти маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор таҳия менамояд ва дар соҳаи иттилоотонии мақомоти маҳаллии молия сиёсати ягонаи техникиро пеш мебарад;
— назорати ҳифзи маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ, саҳеҳии ҳисоботдиҳии давлатиро дар иқтисодиёти кишвар бо роҳи гузаронидани санҷишҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ таъмин менамояд;
— хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2016, № 408)
— назорати риояи тартиби муқарраргардидаи ташаккул, мувофиқа ва тасдиқи басти вазифаҳо ва сметаи хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи идораи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, андоза-ҳои маош, меъёрҳо, коэффитсиентҳои тарифӣ барои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва иловапулиҳоро анҷом медиҳад;
— дар гуфтушунидҳо оид ба бастан ва таҳия намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ (байнидавлатӣ) оид ба каноргирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя (амвол), дигар шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл мекунанд, иштирок менамояд ва дар доираи салоҳияти худ татбиқи созишномаҳои (шартномаҳои) мазкурро амалӣ менамояд;
— дар доираи салоҳияти худ вазифаи мақоми назорати асъориро амалӣ менамояд, инчунин,
назорати амалиёти асъориро, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили низоми иттилоотӣ, ҷойҳои кории автоматикунонидашуда ва дигар воситаҳои автоматикунонӣ ва компютеркунонӣ мақомоти молияро таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— корро оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои мақомоти молия
ташкил мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон амволеро, ки бо ҳуқуқи идораи операти-вӣ дар тавозуни Вазорат қарор дорад, соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд;
— оид ба ошкор, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ дар мақомоти маҳаллии молия тадбирҳоро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— пешниҳод, ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ санҷиши онҳоро дар ҷой ташкил менамояд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кор ва фаъо-
лияти мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъ тадбирҳо меандешад. Таҳлили фаъолияти мақомоти молия ва муассисаю ташкилотҳои зертобеъро вобаста ба баррасии ариза, шикоят ва муроҷиатҳои дигар анҷом дода, оид ба такмили коргузорӣ дар ин самт таклиф пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— дар муассисаю ташкилотҳои низоми худ фаъолияти муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ ва таҳсилоти иловагиро таъмин менамояд;
— таҳлил ва мониторинги фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, анҷом дода, барои пешрафти фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, баррасӣ ва мувофиқа менамояд;
— дар ҳолати зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, таклифҳо пешниҳод менамояд;
— дар баробари гирифтани иттилоот аз муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба уҳдадориҳои шартии онҳо дар қисми пурра будани онро, асоснокии баҳодиҳӣ, сифати тафсир баҳо медиҳад, дар ҳолати зарурӣ ба ташкилотҳои ҳисобдиҳанда тавсия медиҳад, ҳамчун иттилооти мазкурро дар сомонаи интернетии худ нашр месозад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати қабули чораҳои дахлдор ҷиҳати кам ё пешгирӣ намудани ба миён омадани уҳдадориҳои нави шартӣ ё беҳтар намудани идоракунии уҳдадориҳои мавҷудбуда хабардор менамояд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— амалиётҳои электронии суратҳисобҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ идора менамояд;
— пасандозҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора намуда, бо мақсади ғанӣ гардонидани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун-гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли молиявии дахлдор ҷойгир менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 293);
— интиқоли электронии маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути низоми пардохтҳои электронӣ таъмин менамояд.
7. Вазорат ҳуқуқ дорад:
— тибқи тартиби муқарраргардида, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маводи зарурирӣ барои таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва ҳисоботро оид ба иҷрои Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;
— аз мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар муассисаҳо ва ташкилотҳо барои анҷом додани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ ба даст орад;
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ҳангоми ошкор намудани далелҳои ғайри мақсадноки истифодаи маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо, инчунин, ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида, пешниҳод накардани ҳисобот оид ба хароҷоти маблағҳои қаблан гирифташуда, маблағгузории ташкилотҳои аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришавандаро, маҳдуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ қатъ намояд;
— дар ҷараёни иҷрои буҷет дар доираи маблағҳои тасдиқгардида оид ба моддаҳои гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ ва вобаста тақсимоти даромад ва хароҷоти буҷети
ҷумҳуриявӣ дар ҳар семоҳа тағйирот ворид намояд;
— бо мақсади истифодаи самаранок ва мақ-садноки маблағҳои буҷетӣ, дар муассисаю таш-
килотҳои буҷетӣ аудити дохилӣ, инчунин, тафтиш ва санҷиши ҳолати ташкили кори баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, таркиби сифатии кормандони ҳисобкунандаро дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо (ба истиснои низоми бонкӣ), сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон гузаронад;
— ҳангоми зарурат фаъолияти бонкҳоро вобаста ба амалиёти онҳо оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ омӯзад;
— ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва омӯзонидани аудиторҳои дохилиро дар мақомоти идораи давлатӣ ва
муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ анҷом диҳад;
— дар ҳолати зарурӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби маблағҳои барои нигоҳдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар хароҷоти ғайричашмдошти дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда ба муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағҳо ҷудо намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
— аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ, биржаҳои фондӣ ва дигар иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун муассис баромад кунад;
— тибқи тартиби муқарраргардида кормандони соҳаи молияро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ намояд;
— ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи молия Нишони фахрии «Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъсис дода, низомномаи онро тасдиқ намояд;
— мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва «Дар бораи хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро амалӣ намояд;
— фаъолияти нашриётиро амалӣ намояд;
— дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташки-лотҳо ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он ҳамкорӣ намояд;
— низомнома ва оинномаи мақомоти маҳаллии молия ва муассисаю ташкилотҳои низоми худ-ро тасдиқ намояд ва фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳоро назорат намояд;
— лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи ваколатҳои худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ
пешниҳод намояд;
— ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар вазорату идораҳо таҳиягардида хулосаи молиявӣ диҳад;
— дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқар-раргардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул (нашр) намояд, ки онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои онҳо барои тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад;
— бо мақсади истифодаи самараноки имтиёзҳои андози иловагии пешбинигардида, дар муассисаю ташкилотҳои имтиёзгиранда, таҳлилҳо гузаронад;
— таҳлилҳои иқтисодиро оид ба иҷрои қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳу
Нет описания фото.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед