Имрӯз 7-уми сентябр дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузори гардид, ки дар он Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсат, Наимзода Бекмурод, номзади илмҳои иқтисодӣ омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, сардорони раёсату шуъбаҳои молия ва дигар кормандони молия иштирок доштанд.
Дар чорабинии идона нахуст Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, кормандони соҳа ва меҳмонону иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳор дошт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азиз бо ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи тақдирашро ба дастони худ эҷод намуда, дар қатори дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон мақому мартабаи худро пайдо карда истодааст.
— Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи молияи мамлакат низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ сол ба сол нақши назаррас дорад.
Дар радифи сол аз сол афзудани буҷети давлатӣ имконият фароҳам гардид, ки ба беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳаи молия аҳамияти авалиндараҷа дода шавад.
Аз ҷумла, давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ, дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон биноҳои хуштарҳу замонавӣ ба истифода дода шуда, шароити кории кормандон муҳаё, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва муосири имрӯза ҷиҳозонида шудааст, иброз дошт Ҳабибулло Изатуллозода.
— Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъати тоза дошта, марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Левакант бо иштироки Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳу замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он тамоми шароити корӣ барои кормандон муҳаё карда шудааст.
Возможно, это изображение 10 человек и текст
Тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ пойдор буда, ҳадафҳои милливу стратегии кишварамон дар амал татбиқ гардида, сатҳи иқтисодии мамлакат тамоюлӣ болоравӣ дорад.
Дар чорабинӣ идона ҳамчунин Наимзода Бекмурод, номзади илмҳои иқтисодӣ омӯзгори Донишкадаи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронӣ намуда, аз даврони саъю талошҳои роҳбарияти олии кишвар баҳри барқарор намудани иқтисодиёти фалаҷгаштаи баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ёдовар гардид.
Возможно, это изображение 1 человек и помост
Мавсуф иброз дошт, ки натиҷаи ба дастовардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду ташаккули соҳаи иқтисодиёт дар сатҳи ҷаҳон беназир буда, имрӯз Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро бо кишварҳои гуногуни олам барқарор намудааст.
Дар идомаи чорабинӣ ба як зумра масъулону кормандони фаъоли Сарраёсат ва раёсату шуъбаҳои молияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди сиёсати молияи давлатӣ, бахшида ба ҷашни 32- юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед