Аъзамҷон Чиллазода аз ҷумлаи мутахассисони варзидаи мақомоти молияи вилояти Хатлон аст, ки бо донишу касбияти баланд ва таҷрибаи дар ин самт андӯхтааш дар рушду пешрафти соҳа, ғанисозии буҷети маҳаллӣ ва ташаккули низоми сиёсати молиявӣ саҳми арзанда дорад.
Имрӯз, ки сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дорад, бо натиҷаҳои фаъолияти касбӣ дар сафи пеши фаълони соҳа қарор дорад.
Аъзамҷон бо фарҳанги баланди муошират, қобилияти фавқуллодаи кор бо ҷомеа ва салиқаи хуби роҳбарӣ миёни ҳамкорон ва роҳбарону мутахассисони сектори иқтисодӣ соҳибэҳтиром аст.
Қадрдониаш бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба рӯзи ҷашни фархундаи миллат, Истиқлоли давлатӣ рост меояд, далели равшани ин мазмун аст, ки фарзандони баору номуси Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат ва Вазорати молияи мамлакат қарор доранд.
Ба аъзамҷон Чилазода сарфарозӣ ба Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони Аълочии фарнагро табрик гуфта, таманои онро дорем, ки ҷоизаву унвонҳои аз ҳам баланд насиб гардад.
Бори дигар қадрдониҳо муборак бошад!
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед