Возможно, это изображение 1 человек
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти халқи тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамчун рамзи озодиву саодат, муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва мояи ифтихору сарфарозии ҳар фарди худогоҳ арзёбӣ мегардад.
Маҳз ин рӯйдоди бузург ва паси сар намудани шебу фарози ҳодисаҳои сангини таърих дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми ин сарзамини муқаддас гардиши куллие ба вуқуъ пайвваст, ки тоҷикистониён бо роҳбариву ҳидояти Пешвои муаззами хеш тақдири ояндаи давлату миллатро ба даст гирифта, тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ дар масири рушду пешрафт, ободониву шукуфоии кишвар қарор доранд.
Истиқлолият ва соҳибихтиёриву муаррифии миллату давлат дар арсаи ҷаҳон, меросдори фарҳангу тамаддун ва сарзамини аҷдодии худ будан, аз орзуву ормонҳои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки барои ин садодати бузургро ноил гардидан, гузаштагони мо дар масири муборизаҳо ба хотири ҳимояи марзу буми хеш қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соадтаманди мо имкон фароҳам намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зери шиори сулҳу Ваҳдати миллӣ аҳлона заҳмат кашида, бо паси сар намудани мушкилу монеаҳои сангин, Тоҷикистони азизро ба марҳилаи ободу дастовардҳои бузурги иқтисодӣ-иҷтимоӣ расонид.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, зимни Паёми табрикотии хеш ба муносибати 32- солагии Истиқлоли давлатӣ иброз доштанд: “Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд”.
Истиқлолият аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони мо ба ҳисоб рафта, мояи ифтихору сарфарозӣ ва худшиносиву худогоҳии насли имрӯзи Тоҷикистон аст.
Ҳифзи ин неъмати бебаҳо ва идома додани дастоварду комёбиҳои дар ин давраи таърихӣ ба даст оварда, вазифаи муқаддасу рисолати ҳаётии ҳар фарди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳар яки моро мебояд, ки ин Ватани азизи худро бештар аз ҷон дӯст дошта, муҳофизати якпорчагии онро масъулияти муқаддас шуморем то насли ояндаи мо низ дар руҳияи меҳандӯстиву муҳаббат ба обу хоки диёр тарбия ва ба воя бирасанд.
Бо умеди расидан ба ҳадафҳои бузурги ояндасозӣ дар кишвари азизамон аз номи куллӣ кормандони мақомоти молия дар вилояти Хатлон, ҳамаи шумо ҳамватанони азиз ва тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, ба шумо осмони софи беғубор, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон ва дастоварду муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.
Рӯзи фархундаи миллати соҳибистиқлол муборак бошад ҳамдиёрони азиз!!!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед