Соҳаи молия бо танзиму ғанисозии ва афзоиши буҷет, зиёд намудани даромадҳои воқеии аҳолӣ, рушду инкишоф додани молияи давлат, пешбурди сиёсати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва устувории буҷети давлат нақши муҳим дорад, — мегӯяд Бобоҷонзода Ашӯралӣ, сардори Раёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
— Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Сохтори молия иқтисодиёти миллиро ғанӣ мегардонад ва дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати қабули як силсила қонунҳо ҷиҳати рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам гардид.
Ба гуфтаи Ашӯралӣ Бобоҷонзода, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои иҷрои ҳадафҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, дар шаш моҳи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо кормандони нозироти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Возможно, это изображение 1 человек
Мавсуф иброз дошт, ки буҷети маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои соли 2023 дар асоси Қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27 декабри соли 2022, таҳти №119 аз руи нақшаи даромад бо назардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба миқдори 112193315 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Аз ҷумла, аз буҷети ҷумҳуриявӣ 44956800 сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон бошад 19418702 сомонӣ барои таъминоти молии ноҳия ҷудо карда мешавад. Аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайри андозӣ 46858560 сомонӣ, касри буҷет ба маблағи 959253 сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 112193315 сомонӣ тасдиқ шудааст.
Ба гуфтаи Ашуралӣ Бобоҷонзода дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бо назардошти касри буҷет ба ҷои 54115,1 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда, 54259,2 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 144,1ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳалли ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ, воридоти андозҳо дар нимсолаи аввали соли 2023 ба маблағи 22726,4 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ гардида, иҷроиши он 23313,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 103 фоизи нақша баробар мебошад.
Возможно, это изображение 1 человек и улыбается
— Дар давраи ҳисоботӣ аз 8 манбаҳои андозсупорӣ, нақшаи 8-намуди андоз аз 100 то 134 фоиз таъмин гардида, нисбати нақша 587,4 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4167,4 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.
Дар ин давра маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз, яъне 15136,3 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 100 фоиз, ба маблағи 8660,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 31388,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардидааст, ки ин ба ҳисоби умуми 57 дарсади даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.
Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ 103% таъмин гардида, нисбат ба нақша 240,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин Бобоҷонзода иброз дошт, ки қарздории андози иҷтимоии буҷетӣ аз ҳисоби солҳои гузашта ба 1.01. соли 2022 маблағи 3780,7 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба 1.07. соли 2023, 3780,7 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Возможно, это изображение 3 человека
Тибқи маълумотҳои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба миқдори 8630,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба 1.06. соли ҷорӣ 6950,0 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 1680,5 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Бақияпулиҳои андоз ассосан аз ҳисоби андози иҷтимои буҷетӣ кам карда шудааст, иброз дошт дар идомаи суҳбат Ашӯралӣ Бобоҷонзода, сардори Раёсати молия дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
Возможно, это изображение 1 человек и учится
— Дар баробари ин, бақияи андозҳо аз ҳисоби андози иҷтимои ғайри буҷетӣ ба 1.06. соли 2023 нисбат ба аввали сол ба маблағи 157,3 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 95% таъмин гардида, ба хоҷагии халқи ноҳия дар ин давра ба ҷои 176,2 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда, 169,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин дар қиёс ба нақша 6,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Возможно, это изображение 1 человек и учится
“ Сабабҳои таъмин нагардидани қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар он мебошад, ки аз ҳисоби соҳаи тандурустии ноҳия бо сабаби ба анҷом нарасидани озмунҳои тендери оид ба хариди мол, кор ва хизматрасониҳо маблағҳои пешбинишуда ба ин мақсадҳо аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ азхуд карда нашудааст.
Возможно, это изображение 6 человек, люди учатся и текст
Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия 48879,6 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки 95 % хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Ашӯралӣ Бобоҷонзода.
Худойдод Маҳмадсаидзода, котиби матбуотии Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед