Роҳбарият ва ҳайати кормандони Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз реҳлати нобаҳангоми корманди собиқадори соҳа Қодир Каримов андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Шодравон Қодир Каримов то имрӯз ба ҳайси мутахассиси пешбари аудити дохилӣ ва назорат дар Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ифои вазифа менамуд.
Қодир Каримов давоми фаъолияти пурсамари худ дар рушду пешрафт ва сиёсати молиявии кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Хотираи неки Қодир Каримов то абад дар ёди ҳамкасбану дӯстон ва пайвандон боқи хоҳад монд.
Руҳат шоду хонаи охиратат обод, ҳамкасби азиз.
Ҷаноза имрӯз 3.11.23 дар шаҳри Кӯлоб соати 12:00 доир мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед