Возможно, это изображение 3 человека и отдел новостей
Ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи кишварамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Конференсияи илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёду ташаккули сохтори давлатдории навини Тоҷикистон” доир гардид.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият, аъзои ташкилоти ибтидоии “Молияи вилоят” ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Сардори Сарраёсати вазорати молия дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғози таҳкими қонуният дар кишварамон арзёбӣ гардида, маҳз дар ҳамин ҷаласаи сарнавиштсоз Сарвари ҷавони кишвар дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи хеш вакилони мардумӣ ва халқи Тоҷикистонро атрофи хеш сарҷамъ намуд.
Дар асоси қарору санадҳои қабулгардида ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, бо ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандонаи роҳбари давлат мушкилиҳои аз асари ҳодисаҳои шаҳрвандӣ боқимонда бартараф ва рукнҳои давлатдорӣ ташаккул ёфтанд.
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Сарвари ҷавони Тоҷикистон бо ҷасорату иродаи матинашон, ки аз меҳру муҳабати бузург ба халқу меҳани худ сарчашма мегирифт, дар муддати кӯтоҳ вазъияти сиёсиро ба эътидол овард. Бо фароҳам овардани шароит бобати баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, рӯзи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Зикр гардид, ки маҳз меҳру муҳаббати бузург ба халқу Ватан, садоқату вафодории беҳад ба миллат ва азму иродаи бузурги сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар интихоботи соли 1994 бо бартарии овозҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, санаи 16 ноябр ҳамчун Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Тавре ки Иззатуллозода Ҳабибулло изҳор дошт, дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтани рӯзҳои таърихиву тақдирсози Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеаи донишпарвару фарҳангдӯсти мо бо мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор додани рӯйдоду саргузаштҳо аз ҳаёту фаъолияти қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу ояндаи меҳани худро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ тарбия ва ба воя бирасонанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Роҳила Давлатова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар суханронӣ намуда, аз саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва бунёдгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар гардид.
Возможно, это изображение 1 человек
Мавсуф иброз дошт, ки мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири татбиқи барномаҳои оинномавии ҳизб саъю талош варзида, азм намудаем, ки дар иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои бузурги ояндасозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар идомаи Конференсияи илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёду ташаккули сохтори давлатдории навини Тоҷикистон” филми мустанади “Рӯйдодҳои таърихи солҳои 1992-юми миллати тоҷик” пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед