070. 130. 000.
Мутобиқи моддаҳои 367 ва 377 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, таҳти рақами 187 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби истифодаи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ барои андозсупорандагоне, ки низоми андозбандии содакардашударо истифода мебаранд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад)
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Фармоишҳои Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2009, таҳти рақами 80 «Тартиби истифодабарии низоми содакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар субектҳои собкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2009, таҳти рақами 555 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва аз 20 феврали соли 2023, таҳти рақами 23 «Дар бораи Тартиби низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар субъектҳои ҳисобгирии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шаванд.
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Возможно, это изображение 1 человек

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед