Имрӯз 9-уми октябр дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мушовараи Сарраёсат оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодии иҷтимоии вилоят доир гардид.

Дар кори мушовара муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини раиси вилояти Хатлон Акрамзода Сулаймон, сардори Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон Изатуллозода Ҳабибулло ва роҳбарони раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисону кормандони соҳа иштирок доштанд.
Нахуст Изатуллозода Ҳабибулло оид ба фаъолияти Сарраёсати молия дар 9 моҳаи соли 2023 маълумот дода, аз ҷумла изҳордошт, ки молиячиёни вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомоти он дар маҳал ҷиҳати татбиқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супориши роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
Тибқи иттилоъ дар ин давра бо дарназардошти таъмини рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят аз рӯи контингенти умумӣ дар сатҳи 103,6 фоиз (1686,8 –1747,5=60,4) ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 1466,4 млн. сомонӣ ворид гардидааст.
Воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда 54,6 млн. сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 199,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки дар 9 моҳаи соли ҷорӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳои маҳаллиро ноҳияҳои Панҷ 5 фоиз 1,4 млн. сомонӣ, Ёвон 1 фоиз 1,1 млн. сомонӣ ва Ховалинг 5 фоиз 1,4 млн. сомонӣ таъмин карда натавонистанд.
Дар умум, дар миқёси вилоят нақшаи ҳамаи намуди андоз ба андозаи аз 100 то 114 фоиз таъмин гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ- буҷетӣ 103 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 389,4 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 11,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Сарраёсати Вазорати молия дар вилоят, Раёсатҳои молияи болозикр вазифадоранд, ки ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорат ва иҷрои қатъӣ қарор дода, то ҷамбасти соли молиявӣ ҷиҳати бартараф намудани бақияи қарз тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Таҳлили иҷроиши нақшаи даромади буҷети вилоятӣ дар давраи ҳисоботӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи корхонаҳои калони вилоятӣ таъмин шудааст.
Хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷудогардида аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои равонагардида ба тариқи ҳисоббаркуниҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 2072,2 млн. сомониро дар бар мегирад, ки 99 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро дар 9 моҳи соли 2023 ташкил медиҳад.
Бинобар маълумотҳо дар умум 1831,5 млн. сомонӣ ё ин, ки 88,4 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад 1697,1 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 82,3 фоизи хароҷоти умумиро дар 9 моҳи соли 2023 дар бар мегирад.
Аз ҷумла барои музди меҳнат 1312,0 млн. сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 337,0 млн. сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 38,6 млн. сомонӣ, барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 9,5 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Тибқи дастури роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон аз 12 феврали соли 2023 №7 ҷиҳати пардохти ҳаққи маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, нақша ва чорабиниҳо тартиб дода шуда, Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки маблағҳои ҳақи хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла, истифодаи қувваи барқ, гармидиҳӣ, партовбарӣ ва бақияи қарзи онҳо, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд барои кам намудани бақияи қарзи онҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 14,8 млн. сомонӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ буҷетҳои иловагӣ қабул намудаанд.
Зикр гардид, ки айни замон таҳияи лоиҳаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ барои соли 2024 дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар умум, фаъолияти Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ шуда, масъулин вазифадор гардидаанд, ки ба хотири рафъи камбудиҳо ва ноил шудан ба рушду пешрафт ва натиҷаҳои бештари иқтисодӣ-иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар идомаи мушовара инчунин Маҷидӣ Юсуф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба бурду бохти соҳаи молия дар давраи ҳисоботӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ масъулинро водор менамояд, ки дар баробари андешидани чораҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда, ҳамчунин назоратро дар самти дарёфти манбаҳои иловагии андоз ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ тақвият бахшанд.
Тавре Сулаймонзода Акрам, муовини раиси вилояти Хатлон зимни таҳлилу баррасии фаъолияти мақомоти молия дар давраи ҳисоботӣ ёдовар гардид, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молияии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон, тамоми Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки динамикаи афзоиши нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро аз ҳисоби потенсиали дохилӣ зиёд намоянд.
Барои марҳила ба марҳила аз мусоидати молиявии буҷети ҷумҳуриявӣ баровардан, тадбирҳои иловагиро андешанд.
Инчунин гуфта шуд, ки барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 13,4 млн. сомонӣ 100 фоиз ва ба соҳаи тандурустӣ 1,9 млн. сомонӣ 101 фоиз маблағгузорӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба ташкилотҳои роҳтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 6,4 млн. сомонӣ 95 фоиз маблағгузорӣ карда шудааст.
Дар охири кори мушовара Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазоарти молия дар вилояти Хатлон таъкид дошт, ки бо мақсади иҷрои қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, масъулону кормандони мақомоти молия бояд дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, фаъолияти назоратиро дар ҳама самтҳо ҷоннок намоянд.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед