Имрӯз 11-уми январи соли 2024 дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2023 доир гардид, ки дар кори он муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло ва масъулону кормандони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Нахуст Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти Сарраёсат дар соли 2023, дастоварду нишондиҳандаҳои назарраси рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон ва масоили ҳалтаби соҳа ибрози андеша намуд.
Мавсуф изҳор дошт, ки Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои он дар маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар соли 2023 корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Возможно, это изображение 1 человек
Тибқи иттилоъ дар соли 2023 аз рӯи баҳодиҳии пешакӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти минтақавӣ ба 36,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 миллиард сомонӣ зиёд ё ин, ки 108,4 дарсадро ташкил додааст.
Дар ин давра рушди иқтисодиёти вилоят аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,7 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,9 % ё худ ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Зикр гардид, ки дар соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 106,8% баробари 35,3 миллиард сомонӣ, гардиши савдои чакана 127,1% ё 14,9 миллиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ бошад 2,6 миллиард сомонӣ, баробари 108,6 дарсад таъмин гардидааст.
Дар соли 2023 дар вилояти Хатлон 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи аз худшуда 957,0 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 57,6 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 51,6 млн. доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 млн. доллар ё ба андозаи 12,7% кам мебошад.
Бинобар иттилои Изатуллозода Ҳабибулло дар соли гузашта ба муносибати ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Хатлон бунёди 1367 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифташуда, дар ин давра 991 иншоот сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина 1650 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки айни замон шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 821 ададро ташкил дода, аз ин 117 тои он корхонаҳои навтаъсис мебошанд.
— Вобаста ба музди меҳнат дарҷ гардид, ки имрӯз дар вилояти Хатлон музди миёнаи меҳнати як корманд ба 1528 сомонӣ 51 дирам баробар гардидааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2022 ба миқдори 239 сомонӣ 24 дирам ё 18,6 дарсад зиёд мебошад.
Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2023 аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 105,3 фоиз (2277,9–2397,6=119,7) ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1905,9 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 2015,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 109,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 306,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар соли 2023 нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо пуррагӣ иҷро гардида, дар баробари ин иҷроиши ҳама намуди андозҳо аз 102 то 126 фоиз таъмин гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ баробари 108 % таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 558,5 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 43,2 млн. сомонӣ зиёд аст.
Қайд гардид, ки дар соли гузашта ҷиҳати мусоидати молиявӣ аз буҷети вилоятӣ ба маблағи 303,9 млн. сомонӣ ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 835,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон ба маблағи 130,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои зиёдшавии музди маош 129,7 млн. сомонӣ ва барои бемории норасогии масунияти одам 1,1 млн. сомонӣ ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маҷмӯъ 2618,3 млн. сомонӣ ё ин, ки 88,3 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст.
Бояд ёдовар гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ҷой надорад.
Возможно, это изображение 1 человек
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли равон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2023-2024” дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 15,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 13,4 млн. сомонӣ ва тандурустӣ 1,9 млн. сомонӣ маблағҳо ба нақша гирифта шуда буд.
Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идома додани ғамхории давлат ва ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Возможно, это изображение 9 человек
Инчунин, аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.
Ҳамзамон, аз 1 июли соли 2024 ҳади ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Бинобар ин, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо, мо кормандони мақомоти молия вазифадорем, ки ҷиҳати иҷрои он тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти иҷрои нақшаи қисми даромадӣ буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ якҷоя бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монда, аз хароҷоти беасос ва бесамар худорӣ карда, қадре ҳам бошад баҳри зиёдшавии музди меҳнати кормандони буҷетӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҳиссаи худро гузорем.
Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар баробари дастоварду муваффаққиятҳои молиячиён дар соли 2023, ҳамзамон, вазифаҳои дар самти ғанисозии буҷети давлатӣ гузошташуда ва мушкилу камбудиҳои мавҷуда, аз корманди соҳа тақозо менамояд, ки фаъолияти касбии хешро содиқона идома дода, дар рафъи камбудиҳо ва ноил гардидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар саҳми арзанда гузоранд.
Баъдан, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, оид ба вазъи буҷети маҳаллӣ, нақшаи қисми даромади буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2024 изҳори андеша намуда, аз масъулони соҳаи молия даъват ба амал овард, ки дар баробари иҷрои вазифаву масъулиятҳои барзима доштаи худ, ҳамзамон, ҷиҳати такмили касбият ва тарбияву дастгирии кадрҳои ҷавони соҳа ҳиссагузор бошанд.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед