7 декабри соли 2023 дар толори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ доир гардид, ки дар он Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон ва дигар кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсат, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Чорабиниро Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ифтитоҳ намуда, аҳли толорро ба муносибати иди касбӣ ва 99 – солагии таъсисёбии мақомоти молияи ҷумҳурӣ шодбош гуфт.
Боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони мақомоти молияро имрӯз дар фазои ваҳдату субот ва рушди иқтисодиёти миллии кишварамон таҷлил менамоем.
Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббус ва дастгириву ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми қонуниро касб кард.
Аз ҷумла таъкид намуд, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.
Тавре ки Пешвои миллат таъкид медоранд, пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми кормандони соҳаи молия дар пешбурди ин сиёсати давлатӣ ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат намоён аст.
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Дар идомаи чорабинӣ Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон ба самъи ҳозирин Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия ироа дошт.
“Кормандони мақомоти молия бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти Ватан барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иншоотҳои муҳимми давлатӣ тамоми чораҳоро меандешанд”, — афзуд Акрам Сулаймонзода.
Дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки аз моҳи январи соли 2015 низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда шуд, ки банақшагирӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро дар бахши давлатӣ мукаммал намуда, барои ҷалб намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ дар раванди электронии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Инчунин дар идомаи суханронии хеш муовини раиси вилоят зикр намуд, ки иқтисодиёти вилоят сол то сол инкишоф ёфта истодааст.
Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти мамлакат, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, моро зарур аст, ки бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ сиёсати молиявӣ, қарзию пулӣ ва инчунин муносибатҳои бозоргонӣ, рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин намоем.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои иқтисодиёт ва устувории асъори миллӣ нигаронида шуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар фарҷоми чорабинии имрӯза барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду пешрафти соҳа ва таъмини иҷрои сиёсати молиявӣ ба як қатор кормандон ва мутахассисони варзидаи соҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Ифтихорномаи Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Маркази матбуотии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед