Дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, кормандони шуъба ва дастгоҳи марказии Сарраёсати Вазорати молия ҳамоиш доир гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани бандҳои муҳими
Паём, ки ба пешрафти фаъолияти соҳа марбут аст, роҳандозӣ карда шуд.
Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид доштанд,ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳама самтҳо назаррас буда, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст.
Дар вилояти Хатлон низ дар ин замина ва татбиқи сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷиҳати пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимои ва таҳкими қимси даромади буҷети давлати ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои қисми хароҷоти буҷа, чораҳои мушаххас амали гардида, дар асоси дастуру супориши сарвари давлат маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимои нисбат ба солҳои пешин зиёд карда шуд,ки аз ин ҳисоб ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳаи маориф ва тандурустӣ иншооти нав сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз рӯи баҳодиҳии пешакӣ ва маълумотҳои оморӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят ба 36,6 милиард сомонӣ баробар шудааст, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 3,2 милиард сомонӣ зиёд буда, 108,4 фисади рушдро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки соли 2023 рушди иқтисодиёти вилоят аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,7 милиард сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 35,3 милиард сомонӣ, гардиши савдои чакана 14,9 милиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,6 милиард сомониро ташкил додааст, ки он баробар ба 106 то 108 фоизи дурнамо мебошад.
Соли 2023 бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 105,3 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1905,9 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 2015,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 109,9 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 306,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи кори ҳамоиш Иззатуллозода Ҳабибулло изҳор дошт, ки дар Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати амали намудани дастуру супориш ва нишондоди Паёми Президенти мамлакат нақшаҳо таҳрези гардида, масъулин иқдом гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ бо Раёсати андоз қисми даромади буҷет ва рақамикунонии молияву андозро таъмин намоянд, ки ин ба шафофияти кор дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди омӯзиш қарор гирифтаст.
Дар идомаи ҳамоиш, ҳамзамон Роҳила Давлатова- мудири Шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ибрози андеша карда, қайд намуд, ки бо дарназардошти иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар ин ҳуҷати барномави пешбинишуда, метавон гуфт, ки Паёми имсолаи сарвари давлат роҳи минбаъдаи рушдро дар ҳама бахшу соҳаҳо муаян намуда, иҷрои онҳо барои расидан ба рӯзгори шоиста ва татбиқи ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави пешрафтро боз хоҳад кард.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки кулли сокинони шарафманди кишвар низ дар қатори кормандони касбу кори гуногун бо як ҳиси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат якдилона зиҳмат кашида, барои гулгулшукуфои ва ояндлаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистони азизу маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамзамон дар охири кори ҳамоиш масъулин аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи вилоят” дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.
— Ва зикр гардид, ки аъзоёни Ташкилоти ибтидои дар ҳамкории зич бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баҳри иҷрои барномаву ташаббусҳои пешгирифтаи ҳизбӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар фарҷом, вазифаҳо барои фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи вилоят” дар соли 2024 муаяну мушахас карда шуд.
Шуъбаи иттилооттии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед