Дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои пешгири аз амалҳои коррупсионӣ дар заминаи татбиқи Стратегияи далавлатии муқовимат бо коррупсия дар ҶТ бо иштироки намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молия оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ ва корҳои анҷомдода шуда, ҷиҳати мубориза бо коррупсия, роҳҳои пешгирии он ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон дар ин самт суханронӣ намуданд.
Нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучеҳр оид ба дастоварду пешравиҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба онҳо ноил гардид, ибрози назар кард.
Ӯ қайд намуд, ки тамоми мувафаққият ва пешравиҳои кишвар ба қаҳрамонӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад. Ҳамчунин мавсуф вобаста ба пешгирӣ аз омилҳои корупсионӣ ибрози назар намуда, қайд дошт, ки фасодзадагиву порахӯрӣ натанҳо ба пешрафти давлат зарар дорад, балки яке аз роҳу воситаҳои нақзи хуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.
Гар чанде, ки ин амалҳои зишти инсонӣ, яъне коррупсия ба ҷамъият ва давлат таъсири манфӣ мерасонад мутаъсифона баъзе аз шахсони мансабдори давлатӣ ва шаҳрвандони оддӣ фикри ояндаи давлат ва халқиятро накарда, даст ба чунин амалҳои номатлуб мезананд.
Даст задани кормандони давлатӣ ба омилҳои нангинӣ коррупсионӣ ба имиҷи давлат низ зарба зада, боварии мардуми осоиштаро ба фардои дурахшон коста мегардонад, изҳор дошт Қурбонзода Манучеҳр.
Дар охир Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар ҳама сохторҳои соҳа вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби корупсионӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, бо шахсони мутасадии мақомот ҷиҳати иҷрои бандҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамеша корбарӣ намуда, кормандон кушиш менамоянд, ки аз ин омилҳои нангин дар канор бошанд.
Шуъбаи иттилооттии Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед