Имрӯз, 30-уми март инсони нексиришт ходими намоёни давлатӣ, роҳбари муваффақ ва инсони донишманд раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид зодрӯз доранд.
Мардуми сарзамини тоҷик аз саҳми арзанда ва шоистаи устоди донишманд ва фозилу хирадманд муҳтарам Давлаталӣ Саид огаҳ буда, ҳамеша аз фаъолияти назаррасу содиқонаашон ёдовар мешаванд.
Воқеан, муҳтарам Давлаталӣ Саид аз зумраи сиёсатмадор ва олими фидокору самимие ҳастанд, ки дар татбиқи муваффақонаи сиёсати оқилонаву бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар татбиқи самти идоракунии давлатӣ ҳиссаи арзишманд дошта, ҳамчун фарзанди содиқи Тоҷикистони маҳбуб бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
Саҳми шоистаи Шумо ҳамчун сиёсатмадору пешқадам, фарҳангдӯсту маърифатпарвар, хайрандешу адолатхоҳ, серталаб, некахтару соҳибэҳтиром, гиромиқадру арҷманд, кордону масъулиятшинос, ғамхору дилсӯз, ҳалиму хоксор, муҳтарам Давлаталӣ Саид дар рушди босуботи кишвар махсусан вилояти Хатлон. назаррас буда, тавонистед сазовор ба боварии мардуми шарифи вилояти Хатлон ва Пешвои муаззами миллат гардед.
Ин рӯзи фархундаву хуҷастаи милоди мубораки умрро, ки ба муждагонии баҳори оламафрӯз тавъам омадааст, аз номи ҷомеаи меҳнати ва кулли сокинони ноҳияи Ҷайҳун таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва маҷмӯи хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Шарҳи ҳол:
ДАВЛАТАЛӢ Саид аз 05 январи соли 2023 дар вазифаи раиси вилояти Хатлон кор мекунад.
Соли таваллуд 30 марти соли 1970
Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат тоҷик
Маълумот олӣ
соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Ихтисос иқтисодчӣ, иқтисодиёти миллӣ
Рутба мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2006 бо ордени Шараф дараҷаи II ва соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1987-1988 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1988-1989 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Чугуев, шаҳри Архангельски Федератсияи Россия
Солҳои 1989-1993 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1993-1994 Мутахассиси дараҷаи II идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
03-10 соли 1994 Мутахассиси дараҷаи I идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1994-1995 Мутахассиси пешбари идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1995-1997 Муовини сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-2003 Сардори идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2005 Сардори идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2006 Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2007 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2009 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония
Солҳои 2009-2013 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2013-2020 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз ноябри соли 2020 то 2023 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз январи соли 2023 то имрӯз раиси вилояти Хатлон.
Возможно, это изображение 1 человек и текст

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед