Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, иқдомҳои муассир ба вуқуъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд.
Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 1994 таҳти рақами 2511, бо мақсади ташаккули захираи тиллоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва ин омил яке аз дастовардҳои сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.
Хазинаи сарватҳои давлатӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои фаъолияти махсуси ташкилӣ буда, вазифаи асосии он иштирок дар раванди ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Фонди алмосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва таъмини амнияти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо мебошад.
Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва санг ҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи захираи тиллову асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Захираҳои Фонди давлатӣ аз ҳисоби Корхонаи махсуси қазонии давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таъсисдодашуда, корхонаҳои истеҳсол ва истихроҷкунандаи ватанӣ, сарватҳое, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба фоидаи давлат мусодира шудаанд ва инчунин, аз шахсони воқеии дорандаи ҳуҷҷати «Иҷозат» барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, пур карда мешаванд.
Соли 2006 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби б нои нав гардид, ки он бо дарназардошти талг боти махсуси фаъолияти корхона сохта шудааст.
Мақони нигоҳдории сарватҳои Фонди давлатӣ бо сандуқҳои махсуси оҳанин ва таҷҳизоти муосири таъмини бехатарӣ, ба монанди камераҳои назоратӣ ва изтиробии зидди сӯхтор ҷиҳозонида шудааст.
Дар давоми солҳои 2011-2013 барои эҳтиёҷоти Хазинаи сарватҳои давлатӣ, аз ҷумла барои таҳвили сарватҳои Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон автомашинаҳои махсуси зиреҳпӯш, таҷҳизоти муосири ташхиси металлҳои қиматбаҳо, коркард ва ташхиси сангҳои қиматбаҳову роишӣ харидорӣ карда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
Дар Хазинаи сарватҳои давлатӣ барои ба намоиш гузоштани сарватҳои Фонди давлатӣ осорхона фаъолият мекунад, ки бо ҷевонҳои намоишӣ ҷиҳозонида шудааст ва дар онҳо намунаҳои беҳтарини худрӯяҳои аз металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои нодир ва ороишӣ, худруяҳои тилло, сабикаҳо аз металлҳои қиматбаҳо, нишонҳои Ҷашнӣ аз металлҳои қиматбаҳо, лоиҳаҳои армуғонҳо аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки аз ҷониби мутахассисони Хазинаи сарватҳои давлатӣ сохта шудаанд, мавриди намоиш қарор дода шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки Хазинаи сарватҳои давлатӣ бахшида ба солгарди ҷашнҳои муҳимми давлати ва маъракаҳои сиёсӣ лоиҳаи нишонҳои ҷашниро тайёр намуда, дар сиккахонаҳои хориҷи кишвар омода месозад.
Дар тӯли 29 — соли фаъолияти Хазинаи сарватҳои Хавлатӣ нишонҳои ҷашнӣ бахшида ба «10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «1100-солагии давлати Сомониён», «2700-солагии шаҳри Кӯлоб», «Ваҳдати миллӣ», «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «3000-солагии шаҳри Ҳисор» ва «20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай» омода шудааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» аз 27 ноябри соли 2019, рақами 600 ба зиёда аз 7000 нафар барои машғул шудан ба фаъолияти мазкур тибқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст, ки аз ҷониби нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Хазинаи сарватҳои давлатии дар маҳалҳо таъсисдодашуда, ин сарватҳо харидорӣ карда мешаванд.
Бо ифтихор ва саодатмандӣ 29-умин солгарди ҷашни таъсиси Хазинаи сарватҳои давлатиро шодбош гуфта, орзу мекунем, то сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ, фаъолияти пурсамар ҳамеша пойдор бошад. Бигузор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки ҳамагон гардад.
Ф,САФАРАЛИЗОДА, директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон .
МОЛИЯ ВА ҲИСОБДОРӢ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед