Ҳамасола 14 март иди касбии кормандони мақомоти Прокуратура таҷлил мегардад.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти прокуратура шароити зарурӣ муҳайё гардида, натиҷаҳои меҳнатӣ чашмрас мебошад.
Прокуратура дар баробари дигар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан нишон дода, барои барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ нақш гузоштанд ва иддае аз кормандони он ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро фидо намуданд.
Тибқи иттилоъ ҳоло Прокуратураи вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дорои биною иншооти ёрирасон, нақлиёти хизматӣ ва таҷҳизоти корию дастгоҳҳои мухобиротӣ аст, ки ҳамаи ин барои саривақт анҷом додани вазифаҳои хизматӣ ба ҳар корманди соҳа нигаронида шудааст.
Мавриди таъкидаст, ки Прокуратура мақомоти босалоҳияти давлатӣ мебошад, ки кормандони он баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартибои ҳуқуқӣ содиқона кор карда истодаанд.
Аз 1 январ соли 2024 то 40 дарсад баланд бардоштани музди меҳнатаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қадрдонии навбатии давлату ҳукумат ба ҳомиёни қонун аст.
Вазъи сиёсии ҷаҳон тақозо мекунад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла Прокуратура фаъолияти худро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботи ҷомеа таҳким бахшад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони прокуратура минбаъд ҳам барои, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми арзанда мегузоранд.
Бо чунин таманиёти нек Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратураро самимона муборакбод гуфта ба роҳбарият, кормандони ин ниҳод дар вилоят ва мақомоти прокуратараи шаҳру ноҳияҳо дар иҷрои рисолати касбӣ барору комёбиҳоро орзумандам!
ИДИ КАСБӢ МУБОРАК!
Посмотреть статистику
Охват публикации: 512
Все реакции:

Саидзода Отахон, Албинаи Абдусаттор и ещё 27

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед