13.04.2024 дар толори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024 доир гардид, ки дар он Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Изатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлонро бо сухани муқаддимавӣ Ҳабибулло Иззатуллозода итфитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои он дар маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
Таъкид шуд, ки бо дарназардошти таъмини рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2024 аз руи контингенти умумӣ дар сатҳи 102,5 фоиз (634,6 –650,2=15,6) ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 102,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 547,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст.
Воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишудаи даромадҳои худӣ 11,1 млн. сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 95,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботи нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ дар сатҳи 103 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 146,1 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки таҳлили иҷроиши нақшаи даромади буҷети вилоятӣ дар давраи ҳисоботи нишон дод, ки ҳиссаи корхонаҳои калони вилоятӣ 98 фоиз 30,4 млн. сомонӣ таъмин гардида, бинобар сабаби риоя нагардидани таносуби пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷети вилоятӣ аз ҳисоби нақша, ноҳияи Ёвон 10,8 млн. сомонӣ, ва шаҳри Левакант 369,4 ҳазор сомонӣ дар маҷмуъ 11,2 млн. сомонӣ ба буҷети вилоятӣ маблағҳо ворид нагардидаанд.
Возможно, это изображение 6 человек
Новобаста аз таъмин нашудани уҳдадориҳо аз тарафи шаҳру ноҳияҳои дахлдор маблағҳои мусоидати молиявӣ аз буҷети вилоятӣ пурра ба шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 50,6 млн. сомонӣ ҷудо гардидаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, бо назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаркуниҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ 94 фоиз таъмин гардида, дар маҷмуъ ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят 769,7 млн. сомонӣ равон карда шудааст, ки нисбат ба нақша 44,6 млн. сомонӣ кам мебошад.
Ҳамзамон дар идомаи кори мушоварра Иззатуллозода Ҳабибулло изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботи барои пардохти моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 659,8 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 86,3 фоизи хароҷоти умумии буҷетро дар бар мегирад.
Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 521,8 млн. сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 127,9 млн. сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 7,3 млн. сомонӣ, барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 2,8 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Дар давраи ҳисоботи дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздори аз фонди музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.
Фармони навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 январи соли 2024 №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, музди маоши ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январ ва аз 1 июли соли 2024 зиёд гардидаанд.
Роҳбарияти Сарраёсати Вазорати молияи вилоят дар ҷараёни мушовара қайд карданд, ки амалишавии фармони мазкур дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақаи пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Ҳамзамон мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ карда, барзиёдии даромади буҷети маҳаллиро сарфа ва мақсаднок барои пардохти зиёдшавии музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда амалӣ намоянд.
Возможно, это изображение 6 человек и текст
Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ ҷиҳати амалисозии фармони мазкур барои зиёдшавии фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ ба маблағӣ 488,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти музди маош 393,7 млн. сомонӣ ва фонди нафақа 95,2 млн. сомонӣ зарур мебошад.
Возможно, это изображение 3 человека
Бинобар ин Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳоро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати таъмин талаботҳои фармони мазкур бо сохторҳои дахлдор тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, маблағҳои аз ҳисоби ҳамаи сарҷашмаҳои буҷетҳои маҳаллӣ воридшавандаро дар мадди аввал барои пардохти фонди музди меҳнати ташкилотҳои буҷетӣ равона намоянд то ин, ки дар раванди соли молиявӣ қарздорӣ дар фонди музди меҳнат пайдо нагардад.
Дар идомаи мушовара Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, аз ҷумла, такид дошт, ки новобаста ба натиҷаҳои мусбат дар самти иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ масъулини соҳаро лозим аст, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда саъю талоши бештар намояд.
Зеро танҳо бо василаи ислоҳи камбудиҳо метавон дар самти ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаҳои нави андоз, истифодаи самараноки маблағҳои буҷтӣ муваффақ гардид.
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст
Дар фарҷоми мушовара Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон, иҷрои вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаро муайяну мушахас карда, иброз доштанд, ки дар ин замина бояд камбудиҳои ҷойдошта бартараф ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси амали гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, қисми даомади буҷет дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ пурра иҷро, сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ пайдо ва бақияпулиҳо ба маротиб кам карда шаванд.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед