Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи татбиқу амалӣ кардани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру сулоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муназзамрд рӯи кор оварда, дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ саҳмгузор аст.
Ҳар сол 1 ноябр ҳамчун рӯзи таъсисёбии Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз суҳбате оростем бо сардори ниҳоди мазкур Саидзода Дилшод Мурод, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем,
— Муҳтарам Дилшод Мурод, мегуфтед, ки Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис ёфт ва мақсад аз таъсис чӣ буд?
— Бо мақсади таъмини назорати давлатии воридот ва истеҳсоли ҷавоҳиру маснуоти дигари маишӣ аз металлҳои қиматбаҳо, савдои озод ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагони маснуоти зикршуда, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 1994 таҳти Чо511 дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба қабул, нигаҳдорӣ, навъбандӣ ва додани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо, Нозироти давлатии иёргирӣ аввалин бор ҳамчун мақомот дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Назорати давлатии маҳакзании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида буд. Ҳамзамон тибқи банди 2 қарори мазкур, Низомномаи Назорати давлатии маҳакзанӣ тасдиқ карда шуда буд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 таҳти Юо9 46 дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии вазорат тасдиқ гардида, Назорати давлатии маҳакзании назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Назорати иёри давлатӣ ифода карда шуда, Низомномаи он бо фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2004 таҳти 92 105 тасдиқ гардид.
Бо чунин ном, то соли 2006 фаъолият намуда, бо тасдиқ гардидани Низомнома ва нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти Ч9588 номи он ба Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд.
Нозироти давлатии иёргирӣ намояндагии худро дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва минтақаи Кӯлоб дорад, ки кори фаъолияти иёргирӣ ва назорати давлатиро дар ҳудудҳои ба онҳо муқарраршуда пеш мебаранд. Сохтори Нозироти давлатии иёргирӣ аз тарафи Вазорати молия тасдиқ карда мешавад.
Нозирот бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд аз рақобати беинсофона, ҳамчунин ҳимояи манфиати давлату ҷомеа, назорати иёриро ба амал мебарорад.
— Саҳми Нозиротро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар чӣ гуна маънидод мекунед?
— Дилхоҳ ниҳод ва ё сохтори давлатӣ тавре медонед, рисолат ва масъулиятҳои хосаи низомномавиро иҷро менамояд.
Нозирот низ дар назди Вазорати молия фаъолияти муназзамеро иҷро менамояд, ки ниҳоятан бо танзими гардиши маснуоти заргарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бозори ватанӣ барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ пайваста тадбирҳо меандешад.
Ҳамаи ин иҷрои рисолатҳо бе шубҳа барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ё худ татбиқи барномаҳои мушаххаси давлатӣ нигаронида шудаанд, ки ҳисоботҳои оморӣ баёнгари онҳоянд.
— Нозирот ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъ: молкунандагони маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоте, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, чӣ иқдоме пеш гирифтааст?
-Бояд зикр намуд, ки низоми коргузорӣ ё худ фаъолияти Нозирот вобаста ба рушди муносибатҳо, гузашта аз ин бо воридшавии технологияҳои нав дар бозори истеҳсол, истихроҷ, коркард ва ба муомилот баровардани анвои маснуоти заргарӣ пайваста такмил меёбад: Аз ин ҷост, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони маснуоти заргарӣ дар иртибот ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии Сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23 декабри соли 2022 ва Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023 оид ба тақвияти чораҳо нисбат ба воридот ва муомилоти маснуоти заргарии ғайристандартӣ ва ҳифзи рамзи иёри давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, бо омӯхтан ва таҳлили таҷрибаи кишварҳои муваффақона роҳандозӣ намудаи назорати иёри давлатӣ дар соҳаи гардиши маснуоти заргарӣ (Олмон, Туркия, Италия, Ҳиндустон ва Россия), баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар соҳаи мазкур, ки аз ҷумла ба хотири тақвияти чораҳо оид ба ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нигаронида тудааст, аз Ширкати илмӣ-истеҳсолии “Лазерньй қентр” — и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия З адад таҷҳизоти тамғагузориро харидорӣ намуд, ки феълан раванди ба истифода омода карданашон дар ҳоли анҷомёбист.
Бояд гуфт; ки таҷҳизоти мазкур метавонад дар як вақт ҳамвора тамғаи рамзи иёри давлатӣ ва DАТА-Маtrix-ро бо кафолати эминии тамғаи бо усули DАТА-Мatrix гузошташуда аз фарсудашавӣ ва аз байн рафтани онҳо, имконияти пайвастшавиро бо дигар барнома ва платформаҳо амалӣ намуда, кафолати ҳифз намудани тамғаи иёри давлатӣ ва DATA- Matriх- -и гузошташударо медиҳад.
— Шаҳодатнома оид ба фаъолияти маснуоти заргарӣ ва дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳоро киҳо метавонанд соҳиб шаванд?
— Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ” шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки ба фаъолияти таъмир ва сохтани маснуоти заргарӣ ва дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо машғуланд, дар асоси Шаҳодатнома, ки аз ҷониби комиссияи иҷозатдиҳии Нозироти давлатии иёргирӣ дар асоси муроҷиати довталабони самти мазкур бо замимаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баррасӣ ва таъмин карда мешавад, метавонанд фаъолият намоянд.
Мавридба зикр аст, ки субъектҳои самти мазкур уҳдадор гардидаанд, ки маснуоти аз нав сохташуда, истеҳсоли аввалия ва инчунин, дандонҳои аз металлҳои қиматбаҳо омодагардидаро ба Нозироти давлатии иёргирӣ пешниҳод намуда, 60 тамғаи иёри давлатӣ ва сертификати мутобиқати сифати мол таъмин карда шаванд.
— Нозирот ҷиҳати назорат ва пешгирӣ аз маснуоти заргарии ба таври қочоқ воридгардида, чӣ чораву тадбир меандешад?
— Тавре дар боло зикр намудам, феълан баҳри пешгирӣ аз воридоту муомилоти ғайриқонунӣ, яъне қочоқи маснуоти заргарӣ таҷҳизоти воридгардида иттилои заруриро аз махзани ягона нисбат ба маснуоти заргарии тамғаи иёри давлатӣ ва DАТА-Matrіх гузошта тариқи автоматӣ дар монитор нишон дода, ҳифз намудани тамғаи иёри давлатӣ ва DATA-и Matrix-и гузошташударо аз тақаллубкориҳо кафолат медиҳад, яъне дар сурати ошкор гардидани маснуоти заргарии бо роҳи қаллобӣ тамғагузоришуда ва ё бо роҳи қочоқ воридгардида, таҷҳизот тамғаи асл ва тақаллубиро фарқ карда метавонад.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки иқдоми мазкур ҷиҳати пешгирӣ намудани бо роҳи қочоқ баромадани маснуоти истеҳсоли хоҷирӣ дар бозори ватанӣ нақши муассир гузошта, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварро таъмин мена моем, ки ин васила рақобати шаффофро байни г-убъектҳо ба танзим медарорад.
— Меъёри пардохти гумрукӣ барои воридоти 1 грамм маснуоти заргарӣ, аз қабили тил-ло ва нуқра чӣ миқдор аст?
— Тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, 94.77 аз санаи 1 сентябри соли 2018 то инҷониб меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 2,0 (ду) долл. ИМА ва барои 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 0,34 (сифру аз сад сиву чор) долл. ИМА муқаррар гардидааст, ки пардохти маблағи он бо асъори миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули декларатсияи бори гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ва ё иҷозати молҳо амалй карда мешавад.
— Дар кишвар оё корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва коркарди металлҳои қиматбаҳо амал мекунад?
— Ҷои таъкид аст, ки феълан дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ нақши субъектҳои соҳибкорӣ дар ин бозор! хеле назаррас аст. Метавон дар ин ҷода фаъолияти ҷамъиятҳои “Ақиқа”, “Тоҷик Кристалл”, “Тоҷи Заррин Голд” ва “Зиннатҳои миллии Фаровон”-ро махсус зикр намуд, ки дар радифи ширкатҳои истеҳсолкунандаи маснуоти заргарии хориҷӣ бо пешниҳоди маснуоти ватанӣ, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир гаштаанд.
Умед аст, ки дар оянда субъектҳои давлатӣ низ дар ин бозор фаъол хоҳанд шуд.
— Метавон умед бар он баст, ки Тоҷикистон оянда кишвари содиркунандаи маснуоти заргарӣ мегардад?
— Чаро неІ Ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ ва истихроҷу коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо дар кишварамон басанда аст, ки ин хостаҳо ба таври ногузир амалӣ гарданд ва мо ба ин бовар дорем. — Сипоси беҳамто барои суҳбати самимӣ!
Мусоҳиб М.ИДИЕВ
Маҷалаи МОЛИЯ ВА ҲИСОБДОРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед