Имрӯз дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семоҳаи якуми соли 2021 мавриди баррасӣ  қарор гирифт, ки дар Карим Гулмуродзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон,  Ҳабибулло Раҳимов муовини сардори  Сарраёсати  молияи вилоят дар минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.

 Нахуст, Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилоят дар назди ҳозирин баромад намуда афзуд, ки  Сарраёсат дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки мувофиқи ҳисоботҳои пешаки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 2,1 мирд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиш 136,5 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 535,5 млн. сомонӣ расида, 102,6 фоизи ҳаҷми ҳамин давраи соли 2020-ро ташкил медиҳад.

“Дар семоҳи соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ 105 млн. долари ИМА-ро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 14,8 млн. долари ИМА зиёд шудааст. Содирот мол 36,1 млн. долари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 15,7 млн. долар зиёд мебошад”, -афзуд сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Бахтиёр Назарзода иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи дар семоҳаи соли 2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ  ба 727,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоизро ташкил дода 48 млн. сомонӣ афзудааст. Дар давраи ҳисоботи музди миёнаи моҳона ба 1115 сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 сомонӣ зиёз мебошад.

Мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 344 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 358,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 14,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 51 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша дар давраи ҳисоботи 4,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 21,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Сарраёсат молияи вилояти Хатлон  зикр кард, ки дар се моҳи соли ҷорӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро шаҳру  ноҳияҳои Вахш 138 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён 400 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун 83 ҳазор сомонӣ, Ёвон 636 ҳазор сомонӣ, Норак 863 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 125 ҳазор сомонӣ, Ховалинг 131 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд.

Карим Гулмуродзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада сардорони Раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро баҳри иҷрои буҷетӣ маҳаллӣ, дарёфти манъбаҳои нави иловагии андозҳо, чораҳои иловагӣ андешанд, мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҳамчунин, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мақсаднок истифода бурдани маблағҳо мақсаднок истифода баранд.

Гуфта шуд, ки дар ассоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам беҳтару хубтар намуда бо дастовардҳои арзандаи меҳнати пешвоз гирем.

 Далер ШАРИПОВ,  

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед