Паёми табрикии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода бахшида ба  96 – солагии таъсисёбии мақомоти молия.

  Ҳамкасбони гиромӣ!

Дар оғоз мехостам кулли кормандони соҳаи молияи вилояти Хатлонро бо фарорасии иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон пеш ҳама тани сиҳат саломатии бардавом, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашон комёбиҳо таманно дорам.

Маҳз бо ҳидояту раҳнамои бе воситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 7-уми декабр —  Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ  дар буҷет пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.

Маҳз ба шарофати меҳнати бурдборонаи кормандони мақомоти молия нақшаи қисми даромади буҷети вилояти Хатлон мунтазам таъмин карда мешавад ва бовар дорам, ки ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам ривоҷ хоҳад ёфт.

Пешвои маҳбуби миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд, ки: «пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».

Баҳри пешбурди фаъолияти назаррас барои кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят  шароиту имкониятҳо мувофиқи матлаб мебошад. Раёсатҳои молия бо таҷҳизоти муосир муҷаҳаз буда, шароити кории кормандон рӯз аз рӯз ба беҳбудӣ дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуда мутахассисон  тахмили ихтисос мекунанд.

Қаблан дар Сарраёсати вилояти Хатлон чунин марказ набуд, ки барои ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони соҳаи молияву зарурат вуҷуд дошт. Ин марказ тули 3 сол аст, ки фаъолият менамояд, ки дар он бо ҳамкорӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дорад.

Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани марказ маҳорати касбии кормандони соҳа дар сатҳи зарурӣ бо тамоми имконият фароҳам месозад.Ин аст, ки фаъолияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон    Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   рӯ ба беҳӣ дорад ва хизматрасонӣ мувофиқи матлаб пешкаш мегардад.

Дар Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешавад ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдод ҷалб мешаванд.

Маврид ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иқтисотдиву фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои зиёдро амалӣ мекунад ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо кормандони мақомоти молия нақши калидӣ доранд.

Аз ин рӯ, бори дигар тамоми кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро ба иди касбиашон табрику таҳният намуда тансиҳативу хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон дастовардҳои меҳнатиро таманно дорем.

Рӯзи кормандони мақомоти молия муборак ҳамкасбони гиромӣ!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед