19 декабр, дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф Маҷидӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кормандони соҳаи молияи вилоят доир гардид.

Дар ҷаласа ду масъала мавриди муҳокима қарор гирифт: аз ҷумла натиҷагирӣ аз аттестатсияи ғайри навбатии кормадони Раёсатҳои молияи чанде аз шаҳру навоҳии вилоят ва ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллии вилояти Хатлон то 18 декабри соли ҷорӣ ва ҷамбаст намудани фаъолияти молиявӣ дар соли 2019.

Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷистон. Бохтар, вилояти Хатлон, 19.12.2019

Дар оғоз Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи мамлакат дар назди сардорони Раёсатҳои молия, мутахассисону коргузорони шаҳру навоҳи баромад намуда, роҷеъ ба натиҷаи аттестатсияи ғайринавбатии кормадони соҳа фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта ҳамзамон ба роҳбарияти Раёсатҳои молияви, шахсони масъули соҳа дастуру тавсияиҳои судманд пешниҳод намуд.

Дар идомаи кори ҷаласа Назарзода Бахтиёр сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба сухан баромада доир ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллии вилояти Хатлон то 18 декабри соли ҷорӣ ва ҷамбаст намудани фаъолияти молиявӣ дар соли 2019 баромад кард.

Бахтиёр Назарзода зимни баромадаш иттиллоъ дод, ки Сарраёсати молияи вилоят дар ҳамбастагӣ бо бо Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдори вилоят, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 11 моҳи соли 2019 корҳои муайнеро ба анҷом расонид.

Назарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон зимни суханронӣ дар ҷаласа, 19.12.2019

“Бо назардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар 11 моҳи соли 2019 бо дар назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 99 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 фоиз таъмин гардидааст”, — афзуд сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Дар интиҳои ҷаласа гуфта шуд, ки бояд тамоми кормадони соҳаи молияи шаҳру навохии вилояти Хатлон соли 2019 бо натиҷаҳои назарасу арзанда ҷамбаст намуда баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳоии роҳбарияти олии кишвар махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳаруз дида бештар саҳми арзанда гузоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед